Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

рисолаҳои дипломӣ ва илмӣ ба муваффақиятҳо ноил гардидаанд. Дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва берун аз марзи он шогирдон аз донишмандию фазилати неки Аламхон Кӯҷарзода ҳарф мезананд. Устод чун пири хирад бо нерӯи тавоно ва сеҳри сухану ширингуфтории худ шогирдонро ба майдони адабиёт ва олами пургановати он ворид месозад.

Оромонаю ботамкин ва бо далелҳои мушаххас ба баҳс ворид шудан, бо пиру барно мулоҳизакорона ҳамсӯҳбат шудану бо мулоимати посух додан аз писандидатарин хислатҳои инсонии ӯст. Накӯтар аз ҳама фазилатҳои қобили қабули устод, ин фурӯтаниву хоксории он кас аст. Зиндагиномаи пур аз меҳру муҳаббаташ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки танҳо инсони хоксору поктиннат ва дурандеш олими воқеӣ буда метавонад. Инсондӯстӣ, шикастнафсию хоксорӣ ин шахсияти бофазлу донишро дар ҳалқаи ихлосмандони каломи бадеъ соҳиби эҳтирому эътироф гардонидааст.

Дар баробари фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ устод Аламхон Кӯҷарзода рӯзгори хешро бидуни таълиму тарбияи толибилмҳо ва унвонҷӯён тасаввур карда наметавонад. Ӯ тамоми кӯшишу амалашро ба он харҷ мекунад, то шогирдонаш аз дарсу роҳнамоиҳояш манфиат гирифта, дунёи маънавии худро бой гардонанд. Дар давоми фаъолияти пурсамари илмию омӯзгориаш устод Аламхон Кӯҷарзода саҳми худро дар рушди таълиму тарбияи донишҷӯён, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва олимони соҳаи филология дареғ надоштааст.

Аввалин шиносоии ман бо устод Аламхон Кӯҷарзода нимаҳои дуюми солҳои 90-уми асри XX, ҳангоми таҳсил дар аспирантура ва муҳокимаи кори илмии худ дар Донишгоҳи миллӣ сурат гирифт. Он замон Аламхон Кӯҷарзода як ҷавони донишманду соҳибэҳтиром, аз устодони ҷавону меҳрубон ва дастёри аспирантону унвонҷӯён буду мани аспиранти пеш аз

пешина
аз 226
навбатӣ