Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
ҳимоя аз шогирдони ӯ ба ҳисоб мерафтам. Аъзоёни Шӯро баъди муҳокимаи кори банда барои бартараф кардани баъзе камбудиҳо Аламхон Кӯҷарзодаро мутасаддӣ намуданд. Солҳои навадум давраи нооромиҳо, ки буд дар корхона ё китобхона барои кор кардан ҷои муносиб набуд. Бинобар ин, мо ҳамроҳ бо устод Аламхон Кӯҷарзода қариб як моҳ дар хонаи фақиронаи хеш пеши мизи корӣ сари як пиёла чой нишаста, он нуқсонҳоро бартараф намудем. Ва банда бо дастгирию кӯмаки беғаразонаи ин устоди роҳнамо рисолаи илмии худро охири солҳои навадум бомуваффақият ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ гаштам.
Фаъолияти илмӣ-адабиётшиносии Аламхон Кӯҷарзода дар соҳаи назария ва таърихи адабиёт, матншиносӣ, шеъру шоирӣ назаррас мебошад. Ӯ имрӯз яке аз беҳтарин адабиётшиносон ва матншиносони тоҷик ба шумор рафта, барои пешрафти илми адабиётшиносии тоҷик саҳми босазои худро гузошта истодааст.
Асарҳои иншонамудаи ин адабиётшинос, ки барои манфиати мардум таълиф шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ нисбат ба илму фарҳанг ва беҳдошти таълим дар муассисаҳои таълимии оливу касбӣ ва умумӣ ҳамчун омӯзгор бетараф нест.
Бояд хотирнишон сохт, ки Аламхон Кӯҷарзода аксари тадқиқоти илмии худро дар мавриди осору ашъори адибони муосир, аз ҷумла асарҳои Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҷалил, Сатор Турсун, достонҳои Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат бахшида, кӯшиш намудааст, ки онҳоро аз дидгоҳи ҳунари адабӣ, маҳорати нигорандагӣ таҳқиқ намояд ва мақому ҷойгоҳи адабии онҳоро муайян созад.
Ӯ чун муҳаққиқ ва матншинос бештар перомуни асарҳои Садриддин Айнӣ ва дигар нависандагону шоирони достонсарои муосири тоҷик тадқиқот бурдааст. Аз ҷумла, дар китоби «Матншиносӣ» Аламхон Кӯҷарзода андешаҳои худро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё