Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
доир ба тарҷумаҳои русии «Одина», таҳрири матни қиссаи «Марги судхӯр», такмили куллиёти ашъори Айнӣ, се таҳрири достони «Парии бахт»-и А.Лоҳутӣ, таърихи эҷоди достони «Ҳасани аробакаш»-и М.Турсунзода, романи «Шӯроб»-и Раҳим Ҷалил, достони «Сурӯши Сталинград»-и Мӯъмин Қаноат, ду таҳрири повести «Камони Рустам»-и Саттор Турсун ва дигар асарҳои адибони замони худро мавриди нақду баррасӣ қарор додааст.
Муҳаққиқ ҳангоми таҳлили роману повестҳои ҷудогонаи Садриддин Айнӣ паҳлӯҳои гуногуни маҳорату ҳунари образ-офарӣ ва истеъдоди нотакрору хоси нависандаро баррасӣ намуда, таваҷҷӯҳи хонандаро ба сӯи мактаби эҷодии ӯ ҷалб кардааст.
Бо меҳнати софдилонааш профессор Аъламхон Кӯчарзода на танҳо дар байни кормандони аҳли илм, балки дар байни ёрӯ дӯстон, шогирдон ва маорифчиёни ҷумҳурӣ эҳтироми зиёд дорад. Устодону шогирдон ва ихлосмандони адабиёт ӯро ҳамчун роҳнамои илму дониш, ҳалиму хоксор, меҳрубону ғамхор ҳурмату эҳтиром мекунанд.
Заҳмату хизматҳои шоиста ва бенуксони чандинсолаи Аъламхон Кӯчарзодаро дар соҳаи илму маориф ва тарбияи шогирдону олимони ҷавон ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бо мукофотҳои баланди “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва “Корманди шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр кардааст.
Имрӯз мо шогирдону ихлосмандони илму адаб, дар арафаи ҷашни мубораки 75-умин солгарди умри устод Аъламхон Кӯчарзода қарор дорем. Аз номи устодону шогирдони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ устоди азизу меҳрубонро ба ин солгарди хуҷаста ва мавлуди файзбахшашон муборакбод гуфта, ба эшон тани сиҳат, хотири ҷамъ, офияти рӯзгор, саломатии бардавом ва комёбиҳои нав ба навро таманно дорем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё