Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

буд, ки ба пажӯҳиши ҳамаҷонибаи осори устод Айний аз як тараф, мусоидат намуд ва аз сӯи дигар, умуман ба масъалаву муаммоҳои матншиносӣ диққати аҳли таҳқиқро ҷалб кард.

Барои аксарияти донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз нақди матн корҳои курсиву дипломӣ менависанд, «Тадқиқи текстологияи «Одина»-и С. Айнӣ» китоби рӯйимизии ба ҳисоб меравад. Баъд аз ин фаъолияти таҳқиқотии устод Кӯчарзода оид ба матншиносӣ вусъати тоза пайдо кард ва пайи ҳам асарҳое дар шакли мақолаҳои илмӣ ва дастуру рисолаҳо ба табъ расониданд, ки бидуни муболиға, пояҳои матншиносии давраи нави адабиёти тоҷикро устувор доштаанд. Асарҳое, аз қабили «Чанд таҳрири як достон (дар бораи таҳрироти гуногуни «Ҳасани аробакаш»)», «Порчаҳои шеърии қиссаи «Одина» ва истифодаи онҳо дар нашрҳои минбаъда», «Аҳамияти муқоиса дар таълими достони «Кремл»-и Абулқосим Лоҳутӣ (оид ба муқоисаи «Кремл» ва «Харобаҳои Мадоин»-и Хоқонӣ)», «Таҳрироти композитсионӣ дар қиссаи «Одина»», ««Одина» ва масъалаи нашри интиқодии он», «Аз таърихи эҷоди «Сурӯши Сталинград»», «Ду таҳрири «Камони Рустам»», «Сарчашмаи муътамад» (оид ба дастхати «Одина»)", «Матншиносӣ — соҳаи муҳими адабиётшиносии тоҷик», «Дар коргоҳи эҷодии устод Айний (назаре ба таърихи эҷоди «Марги судхӯр»)», «Принсипҳои ба чопи илмӣ тайёр кардани повести «Одина»», «Мусаввада — маъхази муҳим», «Се таҳрири достони «Парии Бахт»», «Ду таҳрири як образ», «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» заҳмати тоқатфарсои матншиносиро гувоҳанд. Бори нахуст дар адабиёти даврони нав чопи илмиву интиқодии қиссаи «Одина»-и устод Айний аз ҷониби Аламхон Кӯчарзода бо риояи тақозои илми матншиносӣ амалӣ гардонида шуд. То ҳол ба пуррагӣ чоп нашудани куллиёти осори устодон Айниву Турсунзода масъалае ҳаст, ки оид ба ҳалли онҳо устод Кӯчарзода чандин навиштаҳо доранд.

пешина
аз 226
навбатӣ