Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
илмҳои адабиётшиносӣ ба асосиву ёвар (аз ҷумла муқаррароти «Назарияи адабиёт»-и Р. Мусулмонқулов) матншиносӣ ба зумраи илмҳои ёвари адабиётшиносӣ дохил карда мешуд. Баъди даҳолати пайгиронаи устод, чопи барномаи таълимӣ ва дарсҳои махсуси фанни мазкур — «Нақди матни осори Садриддин Айнӣ» (дарси махсус барои факултаҳои филологияи мактабҳои олӣ; Душанбе, 2000. — 154 с.), «Матншиносӣ» (барномаи дарси интихобӣ барои шуъбаи ғоибонаи факултаи филология, курси V; Душанбе, 2000. — 42 с.) ва китобҳои таълимии «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (Душанбе, 1994. — 142 с.), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» (Душанбе, 2002. — 270 с.) ин фан дар аввал ҳамчун дарси интихобӣ ва баъдан ҳамчун фанни мустақими таълимӣ мавқеъ пайдо кард. Дар омода намудани омӯзгорони ин фан низ устод ташаббус нишон доданд ва дар як муддати кӯтоҳ ду шогирд (Сироҷиддини Эмомалӣ ва Наврӯз Қаландаров)-ро ба тадриси матншиносӣ омода намуданд, ки яке таърихи эҷоди романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода ва дигаре таърихи матнҳои қаламии қиссаи «Марги судхӯр»-и устод Айниро мавриди таҳқиқ қарор дода буданд.
Қисмати бузурге аз таҳқиқоти устод Кӯчарзода ба масоили гуногуни матншиносӣ — нақди матн, таърихи эҷоди асар, муқоисаи матнҳои гуногуни асари бадеӣ, роҳҳои муайян кардани иродаи эҷодии нависанда, таҳаввули матн ва тафаккури бадеӣ, таҳқиқи хусусиятҳои услубии матн ва муаммоҳои дигари чопи илмии осори адибон иртибот доранд. Устод Кӯчарзода ҳанӯз соли 1978 зери роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ Соҳиб Табаров дар мавзӯи “Масъалаҳои матншиносии қиссаи «Одина»-и Садриддин Айнӣ” рисолаи номзадӣ дифоъ намуда буданд ва баъди чор соли коркарди иловагӣ нахустин монографияи худро таҳти унвони «Тадқиқи текстологияи “Одина”-и С. Айни» (Душанбе: Дониш. 1982. — 148 с.) ба табъ расониданд. Ин нахустин тадқиқоти мукаммале

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё