Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъдан, устод нияти неки пешрафти илм, кафедраву факултет ва ҷомеаву давлатро доранд, яъне некхоҳу накукоранд, ба ояндаи хуби ҷомеа эътимодашон қавист, рӯҳи оптимистӣ доранд. Ба қавли Демокрит, «одамони шарафманду бешараф аз он фаҳмида мешаванд, ки чиро мехоҳанд, на бо чӣ машғуланд».

Барои устод Кӯчарзода зиндагӣ ва эҷод ду мафҳуми тавъаманд. Зиндагӣ бе эҷод маънӣ надорад. Муносибати устод Кӯчарзода ба эҷод гуфтаҳои Ромен Ролланро ба хотир меорад: «Хушнудии ҳаёт дар эҷод аст. Эҷод кардан маънои аз байн бурдани маргро дорад».

Агар сухан аз зикри норасоиҳо бошад, ҳаминро таъкидан гуфтан лозим аст, ки устод нисбат ба саломатии хеш чандон парво надоранд. Хеле зиёд шудааст, ки аз пушти кори кафедра истеъмоли ғизои нисфирӯзӣ ба фаромӯшӣ меравад, ё баъзан як пиёла чойи кафедра чойи хӯроки серғизоро иваз мекунад. Дигар ин ки ҳатто дар синни мубораки 75-солагӣ устод Аламхон Кӯчарзода дар хобгоҳи оилавии Донишгоҳи миллӣ маскунанд. Қаноатпешагиву хоксорӣ садди чиние шудааст, ки устод барои беҳ кардани шароити манзили хеш аз баҳри давутоз баромадаанд.

Фаъолияти серсоҳаи устод Кӯчарзодаро шартан ба се қисмат ҷудо намудан мумкин аст: фаъолияти матншиносӣ, мунаққидӣ ва таълимӣ. Устод Кӯчарзода то соли 1997 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба тадрис машғул буданд ва баъди интиқол ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нахустин кори муҳимме, ки анҷом доданд, ин буд, ки илми матншиносиро ба илми мустақими таълимӣ мубаддал намуданд.

Қабл аз ин, матншиносӣ, ки ба қавли Д.С. Лихачёв «таҳкурсиест, ки тамоми кори минбаъдаи адабиётшиносӣ дар болои он сохта мешавад», ҳатто дар ҷадвали фанҳои таълимии факултети филология мавқеъ надошт ва дарс дода намешуд. Сабаб ин буд, ки тибқи тақсимоти маъмулуи русии

пешина
аз 226
навбатӣ