Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
матбуот ба табъ мерасад. Дар ҷаласаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайваста иштирок мекунанд ва маърӯзаҳо мехонанд. Борҳо шудааст, ки болои мизи кориашон дастхати адибонро дидаем ва пай бурдаем, ки он дастхатҳо баъди мутолиа ва маслиҳату раҳнамоии устод ба табъ хоҳанд расид.
Устод Кӯҷарзода ба зумраи олимони «пуркор» ё «заҳматкаш» шомиланд. Миёни олимон кайҳост, ки чунин «рутбаҳо» вуҷуд дорад. Масалан, устод Холиқ Мирзозодаро олими «девкор» мегуфтанд, аз он ҷиҳат ки пайи ҳам ҷилд-ҷилд китобҳо менавиштанд. Одат шудааст, ки ҷойи корро хонаи дуюм ном мебаранд. Аммо барои устод ҳар ду хона ҳамчун манзили истиқомат ва ҷойи кор қурби якхела доранд ва вақт низ бароишон ду тақсим аст.
Дигар ин ки муносибати устод бо онҳое, ки майли кори илмӣ доранд, аз дигарон фарқ мекунад. Он кас ҳамеша худро дар мавқеи аспирантону унвонҷӯён мебинанд ва эҳсос мекунанд. Ҳар рисолае, ки барои муҳокима ба кафедра ворид шавад, ҳатман мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ба қавле, ягон нафар ноумед намегардад. Бидуни ғараз ва аз ниҳояти инсофу софдилӣ ба ҳар корафтодаи ҷодаи илм кӯмак мекунанд. Агар, фаразан, барои ислоҳ ва такмили кори илмии касе таъсиси комиссия лозим бошад, ӯро ҳатман ба ин ниҳод дохил мекунанд.
Қадршиносӣ як пояи устувори маънавияти устод аст: аз камтарин коре, ки ин ё он муаллим ба ҷо меорад, устод ташаккур мекунанд, ба қадри ҳар амали савоб мерасанд.
Дигар ин ки хоксории устодро сарҳаду андозае нест. Ҳар кас метавонад дар ҳар вақти дилхоҳ бо ӯ суҳбат кунад ва аз маслиҳату кумакаш бархӯрддор гардад. Ҳар нафаре, ки бо ӯ ҳамсуҳбат мешавад, фикру мулоҳизаи худро озод баён карда метавонад, чӣ устод ва чӣ шогирд.
Устод Кӯҷарзода дар қиёс бо дигарон кору вазифаи худро қарзи шаҳрвандии инсонии хеш мешуморанд. Дар ин маврид сухани Александр Дюма хеле бамавқеъ аст. «Иҷрои қарз пуразоб аст, вале иҷро накарданаш аз он ҳам пуразобтар».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё