Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Баъдан, устод Аламхон Кӯҷарзода инсони комил ба мазмуни томаш ҳастанд. Бурдборӣ, муносибати хайрхоҳона, муомилаи нек ва гуфтору рафтори пуртамкинашон ба ҳама маълум аст. Ҳар нафаре, ки бо ӯ дар муносибат буду ҳаст, сидқан ва самимӣ эҳтиромаш мекунад. Чунин эҳтиромгузорӣ хоси инсонҳои шариф аст, аз гиромидошти муқаррарӣ фарқи азиме дорад.
Одати маъмулие ҳаст, ки дар китобҳои ҷашнӣ ва дар муносибат ба ҷашнҳои мавлуд мақолаҳоеро чоп мекунанд, ки аз шарҳи ҳол, тавсифи хислатҳои ҳамидаи соҳибҷашн ва осори илмиву таҳқиқотиаш маълумоти муфассал медиҳанд. Инчунин хотираҳо аз ин ё он марҳилаи ҳамкорӣ ё худ ҳамнишинӣ бо соҳибҷашн иборатанд. Чунин навиштаҳо саропо меҳрномаанд, муаллифон ғайриихтиёр ҷиҳати эҳтирому меҳре, ки ба соҳибҷашн доранд, ӯро то андозае муболиға ҳам мекунанд, аз ошкор намудани ин ё он камбудиҳои ҷузъӣ худдорӣ менамоянд ва чунин рафторро мантиқан дуруст мепиндоранд. Воқеан, кай воқеъ шудааст, ки рӯзи ҷашн соҳибҷашнро танқид кунанд?
Мегӯянд, ки то ҳол, масалан, оид ба зиндагӣ ва кору пайкори пайғамбари ислом як таҳқиқоти воқеие интишор нашудааст: чизе, ки шарқиён менависанд, аз зиёд будани муҳаббат менависанд ва ғарбиён аз мавқеи афзал донистани дину тамаддуни худашон. Кунун нафаре бояд холисона нависад, ки дар миёна бошад... Дар мавриди устод Кӯҷарзода низ чунин вазъият ба миён меояд: ҳама ҳамкорону ҳамкасбон ӯро ситоиш мекунанд, чунки муҳаббаташон ба устод хеле самимист. Ва ҷозибаи ин муҳаббат дуҷониба аст. Мо ҳама, чи хурду чи бузург, чи шогирду аспирант ва чи олими баркамолу соҳибунвон, аз ӯ танҳо некиву хайрхоҳӣ дидаем ва ҳамонро мегӯему далел меорем. Чунин рафторамон ба назари худамон объективӣ менамояд. Чанд паҳлуи хислатҳои олимиву инсонии устод Кӯҷарзодаро мо низ кӯшиш мекунем, то андозае воқеъбинона ва хеле мухтасар ишора кунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё