Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз он ки ҳар ҳафта ё худ ҳафтадармиён унвонҷӯ ё аспиранте бо хоҳиши ислоҳу таҳрири кори илмии худ ба устод муроҷиат мекунаду пешакӣ «маълумот» дорад, ки «паси дар намешавад», ҳоҷати гап нест. Ҳамин тавр, Аламхон Кӯҷарзода ба эътирофи онҳое, ки улуми филологӣ сарукор доранд, инсони хайрхоҳанд, хуб мегӯянду хуб менависанд, нерумандтаранд аз дигарон. Ин фикр аз они мо нест, дар романи нависандаи машҳури Фаронса (нимаи аввали асри XIX) Жорж Санд - «Индиана» бо чунин сатрҳо дучор омадан мумкин аст: «Аз ҳама одами бошараф ҳамонест, ки аз дигарон беҳтар фикру амал дорад, нерумандтаринаш - беҳтар мегӯяду менависад».

Дар вуҷуди устод ба ҷуз тамкину хоксории ба худашон хос боз се унсуре ҳаст, ки моҳияти зиндагиву фаъолияти ӯро бозгӯ мекунад: муаллим, муҳаққиқ ва инсони комил. Устод дар таҳти таъсир ва иқоҳи ҳамин се унсури ба ҳам мувофиқу ҳамоҳанг қарор доранд ва аз баракати онҳо обрӯву эҳтиром ва шуҳрат касб кардаанд. Муаллиме ҳастанд, ки дар ҷаҳони ормонии ҳар яке мо муаллим бояд ҳамин гуна гуфтору рафтор ва шеваи тадрису таълим дошта бошад. Дарс барои он кас муқаддас аст ва ақидаашон ин аст, ки ягон баҳона, ягон ҳодисаву тасодуф набояд монеаи дарсшиканӣ гардад. Бо донишҷӯ ҳамчун фарзанд муносибат мекунанд ва ёдамон нест, ки ягон нафаре аз ӯ ҷиҳати беодобиву нодонӣ ранҷу озор дида бошад. Насиҳату роҳнамои воситаи ҷазои ӯ барои донишҷӯст.

Баъдан, муҳаққиқи барҷастаи соҳаи худ, яъне таҳқиқи матн буда, бунёдгузори мактаби илмии матншиносӣ дар Донишгоҳи миллӣ эътироф шудаанд. Маҳз бо ибтикори ин донишманд дар Донишгоҳ матншиносӣ ба фанни мустақил табдил дода шуд ва дар номгӯйи таҳқиқоти илмӣ ҷойи сазовор пайдо кард. Устод шогирдоне ба камол расонидааст, ки ҳолиё маҳз ба ҳамин навъи таҳқиқ машғулият доранд.

пешина
аз 226
навбатӣ