Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Муаллифи “Ҷанг ва сулҳ” Лев Николаевич Толстой нисбат ба хоксорӣ андешаи дигаре ҳам дорад: хоксории одамони воқеан накукор дар фаромӯшии онҳо зоҳир мегардад, онҳо ончунон ба корҳои хеш ҷиддӣ машғуланд, ки аз хотир мебароранд чӣ амалҳоро анҷом додаанд... Бунёдгузори мактаби илмии матншиносӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Аламхон Кӯҷарзода айнан ҳамин гуна хоксорие доранд, ки Лев Николаевич ишора кардааст.

Устод Кӯҷарзода 4-уми феврали соли 2021 ба синни мубораки 75-солагӣ мерасанд, аммо аз ташвишу тараддуди ҷашн дида ба нашри китоби навашон бештар машғуланд. Хоксории устод ба андозаест, ки гӯиё пайраҳаи сипардаи умрашон як пайраҳаи одию умр бошад, гӯиё ба 500 адад расонидани номгӯи корҳои илмӣ – китобу монография, дастуру воситаҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ ва такризу дигар навиштаҳо, ки ба қавле «қатра-қатра аз хуни ҷигар кам мекунанд», як амали муқаррарии як олими муқаррарӣ бошад.

Осори илмиву таълимӣ ва мақолоти Аламхон Кӯҷарзода айни замон - дар синни мубораки 75-солагӣ ба 494 адад мерасад. Ғайр аз ин, мавсуф матни илмии ду асари Садриддин Айнӣ (қиссаҳои «Одина» ва «Марги судхӯр»), ду асари Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ («Рисолаи куддусия» ва «Маърифати нафс») ва феҳрасти осори Соҳиб Табаровро ба чоп додаанд, ки маҳсули фаъолияти бевоситаи матншиносии устоданд. Ҳикояи “Ранг”-и А. Сиснид, “Тафтиш”-и А. Ренбом, “Аҳвол чӣ тавр?”-и Л. Кабаров, мақолаҳои илмии “Ҷаҳони андешаҳои Жолаи Исфаҳонӣ”-и В. Кляшторина, “Сухан аз боби Жола”-и З. Османова низ тавассути заҳмати тарҷумонии устод ба тоҷикӣ нашр шудаанд.

Миқдори асарҳои таҳрирнамудаи устод Кӯҷарзода ба 46 адад мерасад, ӯ муқарризи 38 китобу барномаҳои илмиву таълимист, беш аз 90 маърузаю гузориш дар конфронсу ҷамъомадҳои илмӣ дорад.

пешина
аз 226
навбатӣ