Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Ҳафиз Раҳмон,
Қарор Муҳаммадзода,
устодони ДМТ
ЗАҲМАТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ҲОКСОРИИ УСТОД
Ҳар қавму миллате дар олам арзишҳои ба худ хоси ахлоқиву фарҳангӣ дорад ва ҳамин ҷиҳат онҳоро аз ҳам фарқ мекунанд. Дар умум, фарҳангҳо низ бар асоси низоми арзишҳо устувор мешаванд. Дар фарҳанги куҳанбунёди мо меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳое, аз қабили озодӣ, меҳру шафқат ва ҷустуҷӯи ҳақиқат собиқаи деринае доранд. Инчунин арзишҳое, ба мисли боадолат будан, нисбат ба ҳақиқат устуворӣ нишон додан, зуҳури шафқату раҳм нисбат ба одамон, олиҳимматӣ ба атрофиён, таҳаммулпазирӣ ва хоксорӣ, нисбат ба тобеони худ масъулиятшинос будан, далериву ҷасоратмандӣ асоси фарҳанги гуманистии миллии тоҷикиро дар тӯли асрҳо ташаккул додаанд.
Дар миёни он меъёру арзишҳое, ки номбар шуд, хоксориву фурӯтанӣ, бо донишу фазилати тамоми хешро ҳамчун як инсони муқаррарӣ ва одӣ муаррифӣ кардан хоси онҳое будааст, ки хештанро ба кӯи инсонҳои комил расонидан мехостаанд. Чизи дигар ҳам ҳаст: хоксорӣ бештар хислати онҳост, ки аз мушоҳидаи неку бади олам таҷрибаи ғанӣ доранд, яъне хирадманданд. Аз ин ҷиҳат, мардуми қавифарҳанги Ҷопон ҳикмате ҳам доранд ба ин мазмун: хоксорӣ зеннати ҳирад аст. Дар остонаи 75-солагии устоди сухансанҷ, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аламхон Кӯчарзода аз як идда меъёру арзишҳои фарҳангӣ ёд карданамон беҳуда набуд. Гап сари ин ки ҳамаи он меъёру арзишҳо хоси шахсияти ин олими пуркор ва инсони комил ҳастанд. Ба ҳайси сарҳапкаи ин меъёрҳои ахлоқӣ, албатта, хоксории устодро ном гирифтан дурусттар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё