Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Беҳуда намегӯянд, ки Худованд давлати пирӣ диҳад ва инак, Худованд ба Аламхони азизу дӯсти содиқу вафодори ман давлати пириро бедареғ арзонӣ намудааст.
Дӯсти азизамро ба муносибати 75-солагиаш самимонаву содиқона табрик гуфта, аз забони устод Рӯдакӣ чор мисраи зерро чун дуо сӯфу кӯф карда, тақдим медорам ва ба умеди Худованд, ки дуои маро мустаҷаб гардонад ва инак:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам биҳарад:
Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад.
Ҳар он ки Эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё