Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
интернат туҳфа кардем, китобхонае, ки мо дар он давра бештари китобҳои адибонро аз он ҷо пайдо карда хонда будем ва байни талабагон чун озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”-ни имрӯза мусобиқа буд ва Аламхон дар байни ҳамсинфонаш ҳамеша пешсаф эълон мегардид. Ҳадафи ман аз зикри нукоти фавқ ин аст, ки дар ин ҷамъи гулчиншудагон Аламхон ҷойгоҳи хос дошт ва ин эътибору маҳбубият танҳои танҳо бо заҳматҳои ҳамешагӣ ва ҳалолкорӣ ба ӯ муяссар гаштааст.
Баъзан ба Аламхон мегӯям, ки агар шоир мешудӣ, пешсафи шоирон мебудӣ. Дар ҳақиқат, Аламхон истеъдоди худододи шоирӣ дорад. Маҷмӯаи рубоиёташ намунаи беҳтарини рубоиёт аст, дар ҳар рубоияш фалсафа, ҳикмат, сӯзу дард (баёнгари рӯзгори талҳаш) таҷассум ёфтааст. Ё силсилаи рубоиёти дар васфи Роғун эҷодкардааш арзиши баланди бадеӣ ва шеърият доранд. Ё марсияи ҷонсӯзе, ки дар сӯгвории писари ғӯрамаргаш — Шуҳратҷон навиштаашро, ҳатто ҳар кӯрдиле хонад ҳам, ҷигараш об мешавад ва абёти дигараш низ...
Аламхон марди Худост. Ҳалимхисол, кушодарӯй, бетамаллук, фурӯтан, олиҳиммат, хушгуфтор, бегараз, беозор ва бекина. Ин хислатҳоро Худованд ба марди Худо медиҳад. Ҳатто касе ӯро озор диҳад ҳам, ӯ бар ивазаш некӣ мекунад. Дӯсти калонсолтаре доштем. Барои мансабҷае, ки насиби Аламхон шуда буд, дар нисбат ба Аламхон беадолативу беинсофиро раво дида, чанд муддате ӯро озор дод. Аламхон, баръакс, тадриҷан аз тариқи ҳамкорӣ ба ӯ некиҳоро дарег надошт ва гоҳе ҳам он рӯзҳоро ёд намекунад.
Аламхон дӯсти вафодору содиқ аст, ваъдахилоф нест. Беш аз ним аср ҳамнишину ҳамнафас ҳастем, мо — дӯстон дӯсти содиқу ҷонӣ будани ӯро хуб санҷидаему ба ҳақиқати мусаллам расидаем.
Ними умри Аламхон дар муҳити сахту риққатовар ва талҳу пургиреҳ сипарӣ шуд. Худованд ӯро дар имтиҳонҳои ҷиддӣ санҷид ва обутоб дод. Ӯ акнун азизи Худованд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё