Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

вобастаи АМИТ сазовор гашт, ки, дар ҳақиқат ва бешакку тардид, сарнавишти ӯ барои ҳар як кас сабақи рӯзгор ва намунаи ибрату пайравист.

Ману Аламхон, тибқи ривояти аз модарон шунидаамон, гӯё ҳамсолем, яъне дар ҳуҷҷатҳо маро як сол калон ва ӯро як сол хурд сабт кардаанд. Илова бар ин, дар зиндагӣ мо ҳамнафасу ҳамқадамем. Се соли охири мактабхонӣ дар мактаб-интернати овозадори Саричашма аз як дег хӯрок хӯрдаем, дар як муҳиту ҳавову ҳавас тарбия гирифтем. Чун камина як синф болотар будаму як сол пештар ба донишгоҳ дохил шудам, Аламхон низ бо пайраҳаи ман қадам гузошт ва дар донишгоҳ, дар як факултет ҳаммаслаку ҳамтақдир шудем ва шукри Худованд, ки то имрӯз мо паҳлуи ҳам ҳамкору дӯсту бародар мебошем.

Аламхон дар ҷодаи илм хеле ва хеле заҳматкаш ва ҳалолкору пухтакор аст. Самти пажӯҳишаш — матншиносӣ саррофиро мемонад. Самти хеле мушкил ва тоқатталаб аст. Бо бедорхобиву заҳматҳои пайваста таҳаввулу ташаккули тафаккуру ҷаҳонбинии адибро ҷилвагар месозад. Натиҷаи заҳматҳои муттасили ӯ боиси тавлиди силсилаи китобҳои дарсиву рисолаҳои илмӣ гардид ва аз ин ҷост, ки дар илми матншиносӣ соҳибмактаб эътироф шудааст. Дар омади гап, бояд зикр кард, ки соли гузашта 60-солагии таъсиси мактаб-интернати азизамон таҷлил карда шуд. Ба ин чорабинӣ беш аз сад нафар хатмкардагон — гулҳои сари сабад даъват шуда буданд. Ба муносибати ин ҷашн Раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён бо зумрае аз ҳаммаслаконаш, ки хатмкардагони ин даргоҳанд, дар ободкории интернат саҳми муносиб гузоштанд. Ҳунармандён Давлатманд Холов, Ҷумъахон Сафар бо суруду тарона, Алимуҳаммад Муродӣ бо шеърҳои дилнишину намакинаш шукӯҳи ҷашнро хеле мутантан сохтанд. Аламхону Давлат Халифаев (доктори илмҳои тиб, профессор, ҳамсинфи камина) ва инҷониб як теъдод китобҳои худ ва аз адибони дигарро ба китобхонаи

пешина
аз 226
навбатӣ