Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Шаҳбоз Кабиров,
профессори ДМТ

ОЛИМИ ЗАҲМАТПЕША ВА ДӮСТИ СОДИҚ

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.
(Тошхоҷа Асирӣ)

Воқеан, ба муносибати зодрӯзи дӯстону пайвандону ҳамкорон меҳрнома навиштан ба ҳукми анъана даромадааст.

Чанде пеш ба муносибати зодрӯзе аз нафаре хоҳиш мекунанд, ки меҳрномае нависад. Он шахси донишманду ҳақгӯю инсонпараст мегӯяд, ки ман нисбат ба он зодрӯздор заррае меҳр надорам ва чӣ гуна метавонам меҳрнома нависам?

Ҳоло вазъи ҳоли ман дигар аст. Баръакс, намедонам меҳрномаро бо кадом калима, аз куҷо, то куҷо, аз чӣ, аз кадом ҷанбаву зовия ва ғайраву хоқазоҳо иншо кунам.

Охир, Аламхон барои ман олами меҳр аст ва меҳри ман нисбат ба ӯ меҳр андар меҳр аст.

Дар меҳрномаи пешинаам шаммае аз зиндагиномаи Аламхон ишораҳо буд ва наметавон, ки сарнавишти Аламхонро боз ёдовар нашуд.

Аламхон, чун ман, бепадар, дар тарбияи модари муштипар ба воя расида, меҳрубониву навозиши падарро надида, рӯзгори сахту талхро пушти сар кардааст. Шаттаҳои ин рӯзгори бӯқаламун, имтиҳонҳои бераҳмонаи зиндагӣ, бармаҳал реҳлати ду писар – ду ҷигарбанди ба ҷону дил баробараш қомати расои Аламхонро дол гардониданд. Лекин алорағми тамоми ин мушкилоту мусибатҳо, рӯзгори сангину тоқатфарсо Аламхон бо иродаи матину рӯҳи шикастнопазир чун кӯҳ истодагарӣ кард ва илму хирадро, китобро ғамгусор дарёфт ва пайваста ба таҳқиқу пажӯҳиш машғул гардид ва бо заҳматҳои шабонарӯзӣ зина ба зина қуллаҳои илмро фатҳ намуда, ба дараҷаву унвонҳои доктори илм, профессор, узви

пешина
аз 226
навбатӣ