Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Кабиров Шаҳбоз, ки ҳоло профессори ДМТ ва бисёр марди шариф мебошад, супорида шуда буд.
Пас аз хатми мактаб-интернат мо мисли қатраҳои дар баҳр, парешон шудем ва манро ба шаҳри Пятигорски Кавкази шимолӣ, ба Институти дорусозии сатҳи умумииттифоқӣ, ба хондан равон карданд ва пас аз чанд сол Кӯҷарзода Аламхонро дидам, ки ба ман гуфт: “Маро дар интернат мегуфтед, ки баногоҳ “ғулом” нашавӣ, ба ман ин сухан сахт мерасид. Акнун, Давлатҷон, ман дарк кардам, ки Садриддин Айнии дуюм шудан ин хаёли бачагӣ будааст, бинобар ин шогирди ин марди бузург гаштаам”. Баъдтар, фаҳмидам, ки бо роҳбарии олими оташинсухан ва сахтгир, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон С.Ш. Табаров дар мавзӯи “Масъалаҳои матншиносии повести “Одина”-и С. Айни” тадқиқот бурда, соли 1998 рисолаи номзадӣ ва “Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айни” бо мушовирии академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шукуров соли 1997 рисолаи докторӣ дифо кардааст. Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 2017 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гардидааст.
Ман дӯст ва бародари ба ҷон баробарамро ба муносибати 75-солагии умри пурбаракаташ табрик гуфта, орзуи тандурустӣ, хушнудии зиндагӣ ва хушиқболӣ, дар тану ҷонаш парваридани касри илму маърифат ва афзудани шарораи илму адаб ва ба ҷавонони илмдӯст дароз кардани дасти хайр ва муҳаббати бепоёнро хоҳон ҳастам. Бигзор барои дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам мавқеъ пайдо кардани адабиёти зиёда аз сеҳазорсолаамон саҳми худро зиёда гузошта, дар таълиму тарбияи насли навраси замони истиқлолият ҳиссагузор бошед. Ба Шумо ин байти устод Рӯдакиро туҳфа мекунам:
Чу Рӯдакӣ ба ғуломӣ агар қабул кунӣ,
Ба бандагӣ напасандад ҳазор Дороро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё