Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

тозагии дасту рӯйи талабаҳо, ба сомону тартиби ҷои хоб ва пӯшидани сару либоси ягона, тарзи тартиботи сафкашӣ ва ба оҳанги шеърхонӣ, тартибот дар ошхона, ҷамъбасти дарсҳои ҳаррӯза, вақти дарс тайёр кардану реҷаи хоб ва дигар тартиботи мактаб-интернатро назорат карда, баҳогузорӣ менамуданд. Ҳама корҳои таълимӣ ва тарбиявии синфҳо баҳо дода мешуд ва ҷамъбасти фаъолияти ҳаррӯзаро дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ, ки аз рӯи балли гирифташуда байрақҳои синфҳо баланд бароварда ва ё фуроварда мешуданд, баррасӣ мекарданд. Талабаҳои ҳар синф дар зери байрақи худашон саф мекашиданд. Дар он ҷамъомадҳо пешқадамону қафомондагонро ба пеш бароварда, ба самтҳои муқобил ҷой медоданд.

Кӯҷарзода Аламхонро барои талабаи пешқадам, ташаббускор, ташкилотчӣ ва ҷамъиятчӣ буданаш вазифаи раиси талабагони мактаб-интернатро ба дӯсташ гузошта буданд ва ӯ ин вазифаи бисёр пурмаҳсулро бо тамоми ҷиддият иҷро мекард ва дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ ҳамеша дар сафи пеш, дар паҳлуи роҳбарият ҷояш буд.

Ба Кӯҷарзода Аламхон аз рӯзи аввали саршавии фаъолияти мактаб-интернат шиносӣ пайдо карда будам, ки он дар байни талабаҳо бо як симои пок ва ҷиддияти худ аз дигарон фарқ мекард. Бисёр китоб мехонд, намехост вақташро беҳуда гузаронад, зиёдтар асарҳои С. Айнӣро мутолиа мекард ва дар маҳфилҳои мактаб бо як садоқат ва самимияти ба худ хос баромад карда, азизи талабагон гашта буд. Бачаҳо ба Аламхон шӯхиомез мегуфтанд, ки ба асарҳои С. Айнӣ ин қадар дилдода ҳастӣ, боз “Ғулом” нашавӣ? (бачаҳо персонажҳои китоби “Гулистон”-ро дар назар доштанд). Ӯ бо як завқу шавқ ва бо фахр мегуфт, ки “ман Садриддин Айнии дуюм мешавам, лекин “ғуломиро” ба худ роҳ намедиҳам”.

Соли 1963-юм талабаҳои синфи мо аввалин шуда ин даргоҳи маърифатро хатм карданд. Шаҳоданомаи рақами якуми мактаб-интернати “Коммунизм” ба ҳамсинфи мо

пешина
аз 226
навбатӣ