Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

тарбиявие, ки аз тарафи Абдусамад Фаттоев ва дигар омӯзгорон таҳия шуда буданд ва дар сатҳи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи худро ёфта буданд, на дар донишкадаю донишгоҳҳо, на дар хизмати ҳарбӣ ва на дар таълими ҳозира дидаам ва боварии комил дорам, ҳоло ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва он барномаҳо имрӯз ҳам дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ истифода мешуданд, аз аҳамият холӣ набуд.

Абдусамад Фаттоев ба тамоми ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб рафта аз деҳаҳои дурдаст бачаҳо ва духтарони болаёқатро аз синфҳои 5, 6 ва хатмкунандагони синфи 7 (он солҳо, дар деҳот, то синфи 7 мехонданд) барои хондан ҷамъ овард ва мактаб-интернати “Коммунизм” аз 1-уми сентябр ба фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ кори худро оғоз намуд.

Мо духтару писарчаҳои аз ноҳияҳои водии Кӯлоб ҷамъшуда дар як фазои дигар худамонро медидем: ҳама ҷо тоза, муаллимон бо либосҳои хеле шинам ба мо меҳрубонона муносибат мекарданд, ҳар кадоми мо талабаҳоро бо ҷаҳор намуд либос (ҷашнӣ, дарсӣ, корӣ ва тагпӯш) таъмин намуданд, се маротиба ба мо хӯроки сергизои гарм медоданд. Он шиму костюм ва пойафзолҳое, ки дар он давра пӯшида будам, зебогии онҳо ҳеҷ аз хаёлам намеравад. Ҳар ҳафта моро ба ҳаммом бурда ва ҳар рӯз тозагии сару либос, ҷои хоб, одоби муошират, тарзи риояи хӯрокхӯриро дар ошхона, меомӯзониданд ва агар дар ин самтҳо хатое зоҳир мекардем, ба мо ҷазо медоданд. Чунки гуноҳи ҳар кадоми мо дар баҳои умумии синфамон таъсири манфӣ мерасонд.

Дар мактаб-интернати “Коммунизм” шакли худидоракунӣ, бо иштироки талабаҳо, ба роҳ монда шуда буд. Яъне, пас аз анҷоми дарсҳо ҳама корҳои назоратии мактаб-интернат ба ихтиёри комиссияҳои таълимӣ, тарбиявӣ, тартибот, комитетҳои пионерӣ ва комсомолӣ вогузор шуда буданд. Ин бахшҳо бо салоҳият ва аъзои ин комиссионҳо бо тамоми ҷиддият корро пеш мебурданд. Онҳо бо аъзои худ аз саҳар ба

пешина
аз 226
навбатӣ