Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Халифаев Д.Р.,
профессори Донишгоҳи давлатии тиббии
Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
“МАН САДРИДДИН АЙНИИ
ДУЮМ МЕШАВАМ”
Аз давраи дунёи атиқа то ба ин рӯз ҳар як боргоҳи таълимиву илмӣ бо олимону донишмандони маъруфу шинохтаи худ, шуҳрату эътибор пайдо мекунад. Аз он ҷумла, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ), ки яке аз машҳуртарин марказҳои илму маърифат на танҳо дар ватанамон, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, шахсиятҳои бузург ва донишмандони варзидаи соҳаҳои гуногун фаъолият доранд, ки фахри миллату давлатамон мебошанд.
Яке аз ин гуна шахсият, ки аз овони хурдӣ мешиносам ва эҳтиромашро ба ҷо меоварам ва дар ҳоли ҳозир номбардори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Кӯҷарзода Аламхон мебошад. Каме аз таърихи шиносоӣ бо ин шахси пурмартаба ва олими шинохта маълумот меоварам:
Соли 1959 дар деҳаи Саричашраи ноҳияи онвақтаи Москва (ҳозира Ҳамадонӣ) мактаб-интернати “Коммунизм” ташкил шуд ва аз оғози 1-уми сентябри соли 1959 ба фаъолият шурӯъ намуд. Ин мактаб-интернати махсусгардондашуда барои ҳама ноҳияҳои водии Кӯлоб барпо шуда буд. Директори аввали ин мактаб-интернат омӯзгори асил ва ташкилотчии маориф, муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамад Фаттоев буд (рӯҳаш шод бод, номаш, гуфтораш дар қалби мо ҳамсабақони ин дарбори муқаддас ҳамеша ҷовидон мемонад).
Ҳамон вақтҳо дар ҳама ноҳияҳои водии Кӯлоб интернатҳо буданд, аммо инфраструктураи ба таълиму тарбия фарогирии мактаб-интернати “Коммунизм” аз дигар мактаб-интернатҳо куллан фарқ мекард. Он барномаҳои таълимӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё