Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
шуданд. Боз чандин нафар аспиранту унвонҷӯҳо бо роҳбарии профессор А.Кӯҷарзода рисолаҳои илмӣ навишта истодаанд.
Чандин мақолаҳо ва китобҳои А.Кӯҷарзода сазовори ҷоизаҳо гардидааст. Аз ҷумла, китоби эшон «Муҳаққиқи соҳибмактаб» соли 2014 ғолиби озмуни китоби сол ва сазовори дипломи Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардид.
Эшон аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви шӯрои олимони ДМТ (2007-2009), узви шӯрои диссертатсионии ДМТ оид ба ихтисосҳои филологӣ (аз 2003), узви комиссияи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино оид ба илм (аз 2007), шомили ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Паёми ДМТ» (аз 2013) мебошанд.
Хидматҳои устод бо ҷоизаҳои Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001), ордени Дӯстии халқҳо (2003) ва ҷоизаи адабии ба номи С.Айнӣ (2003) қадр гардидааст.
Ҳоло профессор Кӯҷарзода ба синни мубораки 75 қадам ниҳода, андешаи нек дар пиндор, суханҳои нек дар гуфтор, хомаю кори нек дар рафтор, бо навиштани ҳар гуна осор, бо фаъолияти пурбор як гӯшаи рӯзгори адабии мардуми тоҷики меҳрбору Тоҷикистони пурифтихорро обод менамояд. Аз Яздони пок барои устоди донишманду фарзонаю меҳрубон тандурустӣ ва дар корҳои минбаъда комёбӣ таманно дорем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё