Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, Ҷ.Икроми, Раҳим Ҷалил, Муъмин Қаноат, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, С.Турсун, А.Самад, Ҷ.Ақобир, А.Муродӣ, М.Ғоиб ва дигарон мақолаҳо навишта, дар онҳо ҳам рӯзгор ва ҳам нуктаҳои ҷаззоби осори ин адибонро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Муҳимтарин фаъолияти А.Кӯҷарзода ин матншиносӣ, яъне матнҳоро аз ҳар ҷиҳат муқоиса намуда, матни аслиро чоп кардан аст. Чандин матнҳои таҳиянамудаи эшон ба нашр расидааст, ки ҳам барои хонандаи кунҷков ва ҳам барои пажӯҳиҳандаи дақиқназар арзишманд аст. Аз ҷумла, устод матнҳои зерини адибонро ба нашр расонидааст: «Одина»
(1992, 2015), «Марги судхӯр» (2010, 2015) аз устод С.Айнӣ, рисолаҳои «Қуддусия» (1993), «Маърифати нафс» (1994), «Дарвешия» (2014) аз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Бояд гуфт, ки ин рисолаҳо ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо номи «Се рисола» (2015) ҳам ба алифбои тоҷикӣ ва ҳам форсӣ бо заҳмати А.Кӯҷарзода пешкаши хонандагон гардид.
Чанде пеш китоби дигари А.Кӯҷарзода бо ҳаммуаллифии Ҷ.Ҷӯрабаев, С.Муллоҷон, А.Сайфуллоев таҳти унвони «Маориф – гарави пешравии ҷомеа» (2015) чоп шуд, ки дар он устод оид ба андешаҳои маорифпарварии С.Айнӣ изҳори назар намудааст.
Профессори хоксору пуркор дар ҳаёти адабию фарҳангии кишварамон аз таҳти дил ширкат намуда, ҳам бо навиштани асарҳои илмию оммавӣ, ҳам бо иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҳам бо тарбия намудани кадрҳои адабиётшиносӣ, ҳам навиштани шеърҳои дилнишин ҳиссагузор мебошад.
Профессор А.Кӯҷарзода 52 сол аст, ки бо тарбияи донишҷӯён, адибони ҷавон, аспирантҳо машғул аст. Аз ҷумла то
ба имрӯз 12 нафар аз аспиранту унвонҷӯҳои донишгоҳҳои
Тоҷикистон, Эрон таҳти роҳбарии эшон рисолаҳои илмии
худро дифоъ намуда, сазовори номзади илми филология

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё