Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

тоҷик» (1994), «Нақди матни осори С.Айнӣ» (2000), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С.Айнӣ» (2002), «Адабиёти тоҷик барои синфи 11» (бо ҳаммуаллифӣ – 2007, 2011, 2015), «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С.Айнӣ» (2013), «Муҳаққиқи соҳибмактаб» (2014)... дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи хосро дороянд. Дар рисолаҳои илмӣ муаллиф муҳимтарин масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор додааст, ки онҳо барои донишҷӯён, аспирантҳо, пажӯҳандагони адабиёт сарчашмаи муҳими илмӣ ба ҳисоб мераванд. Тавре ки ёдовар шудем, устод А.Кӯчарзода аз давраи ҷавонӣ шеър низ месарояд ва намунаҳои он ба воситаи матбуот ба нашр расидааст. Яке аз жанрҳои дӯстдоштаи олими шоир ин рубоӣ аст. Рубоиҳои ӯ дилнишин буда, дар онҳо ишқ, садоқат, дӯстӣ, самимият, ситоиши Ватан, муҳаббат ба ӯру наздикон ситоиш шудааст.
Устоди гиромӣ соли 2012 таҳти унвони «Сад рубоӣ» гулчини рубоиҳои худро пешкаши хонандагон намудаанд. Ашъори дигари олим ва шоири маҳбуби мо дар қолабҳои гуногуни шеърӣ гуфта шудааст, ки онҳо лаҳзаҳои гуворои зиндагӣ, самимияти хурдсолону бузургдон, рафоқату садоқати дӯстонро дар бар мегиранд. Маҷмӯаи дигари ашъори эшон соли 2013 таҳти унвони «Бобо ва набераҳо» чоп шуда, ошиқони назмро дилхуш намудааст.

Яке аз самтҳои густурдаи фаъолияти профессор
А.Кӯчарзода ин таълифи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ аст, ки
то имрӯз беш аз 470 адад ба нашр расидаанд. Ҳар кадоме аз
ин мақолаҳо паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ,
адабӣ ва моддии мардуми тоҷикро дар бар мегирад. Бахши
зиёди мақолаҳои устод дар бораи шахсият ва осори бадеии
адибони классик ва муосири тоҷик мебошад. Профессор
А.Кӯчарзода роҷеъ ба эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,
Абӯалӣ ибни Сино, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Сайид Алии
Ҳамадонӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин,

пешина
аз 226
навбатӣ