Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

заҳматҳои эшон чунин натиҷа дод, ки ӯ соли 1997 дар мавзӯи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри С.Айнӣ» аз рисолаи доктории худ дифоъ намояд. Барои анҷом додани ин кор академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Шакурии Бухороӣ мушовири илмии эшон буда, ба устод А.Кӯҷарзода барои навиштани ин рисола машваратҳои нек додаанд.

Касе, ки ба таври мунтазам бо таълифи асарҳои илмӣ ва адабӣ машғул аст, ӯро марказҳои илмӣ, китобхонаҳо ва муҳити илмию адабии пойтахт ба худ мекашад. Вақте ки ба устод А.Кӯҷарзода пешниҳод мешавад, ки ба тариқи интиқол, аз Кӯлоб ба пойтахти кишварамон ш.Душанбе, факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шаванд, он кас бо камоли шодмонӣ мепазиранд. Инак, ин донишманди фарзона аз соли 1997 то ба имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввал ҳамчун дотсенту профессор ва баъд чун мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсияи тоҷикӣ (2002-2010), чанд муддат ба ҳайси сарходими Институти таҳқиқоти илмии ДМТ ва ҳоло ба сифати профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсияи тоҷикии Донишгоҳи миллӣ кор мекунад. Дар солҳои охир аз ӯ хоҳиш намуданд, ки барои тарбияи кадрҳои Донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб ёрӣ расонад. Аз ин рӯ ҳоло ин устоди донишманду заҳматкаш ҳам дар ДМТ ва ҳам дар кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб дар вазифаи профессор фаъолият намуда, барои тарбияи шогирдон ҳиссаи арзанда мегузорад.

Устод А.Кӯҷарзода муаллифи китоб ва мақолаҳои зиёде мебошад, ки ҳар кадоми он як ҷиҳати нозуки адабиёти классик ва муосири тоҷикро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Эшон муаллифи асарҳои зиёд ҳастанд. Аз ҷумла, китобҳои илмии «Тадқиқи текстологии «Одина»-и С.Айнӣ» (1982), «Хусусиятҳои миллӣ ва интернационалии назми М.Турсунзода» (1988), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти

пешина
аз 226
навбатӣ