Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
I
Равшан Раҳмонӣ,
профессори ДМТ
БА МАҚСАД МЕРАСАД ҶӮЁИ КОР
ОХИСТА-ОХИСТА
Матншиносиро метавон ба се бахш ҷудо кард:
- Матншиносии фолклорӣ. Пажӯҳандагон матнҳои шифоҳии аз замонҳои қадим то замони мо расидаро ва ҳам матнҳои дар даҳсолаҳои охир ҷамъшударо аз чанд ҷиҳат мавриди омӯзиш ва пажӯҳиш қарор дода истодаанд. 2. Матншиносии адабиёти классик ё нусхашиносӣ. Дар ин бахш пажӯҳандагони зиёд дар кишварҳои гуногуни олам фаъолият доранд. 3. Матншиносии адабиёти муосир. Дар кишварҳои ҳамзабони мо Эрон ва Афғонистон ин кор хеле суст аст.
Ҳар кадоми ин бахшҳоро боз ба бахшҳои дигар ҷудо кардан мумкин аст. Имрӯзҳо илми матншиносии адабиёти классик, фолклор ва адабиёти муосир барои омӯзиш ва пажӯҳиши осори матнҳои чӣ гуфторӣ ва чӣ навишторӣ ҷойгоҳи худро пайдо намудааст. Ҳар кадоме аз ин бахшҳо бо роҳу равишҳои худ пеш мераванд ва пажӯҳандагони зиёде ҳастанд, ки дар ин самт фаъолият менамоянд.
Пажӯҳандагони матнҳои адабиёти классики форсии тоҷикӣ ҳам дар кишвари мо Тоҷикистон, ҳам дар Эрон, ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар марказҳои эроншиносии кишварҳои гуногуни олам зиёд ҳастанд. Аммо теъдоди матншиноси муосир ҳанӯз каманд. Яке аз пажӯҳандагони заҳматкаш дар матншиносии адабиёти муосири тоҷик профессор Аламхон Кӯҷарзода буда, бо ҷасорат метавон гуфт, ки эшон асосгузори матншиносии адабиёти муосири тоҷик мебошанд. Ин донишманди фарзона то расидан ба ин зинаи баланди илмӣ роҳи пурпечубро аз сар гузаронидааст, ки мо дар ин бора ба таври мухтасар сухан меронем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё