Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Дар солҳои 20-30 садаи бист дар мактаб хонда савод гирифтан осон набуд. Омӯзгор кам буд. Ҳар касе, ки саводи кофӣ бароварда барномаи мавриди назарро азбар менамуд, ҳукумати замон зуд аз неруи вай истифода мекард. Кӯҷари Додар бо ишқ мактаби мутавасситаро тамом кард. Соли 1938 навакак ба синни 16 қадам монда буд, ки ӯро ба деҳоти минтақаи Саричашма фиристоданд, то дарс диҳад. Ӯ бо ишқ аз як деҳа ба деҳаи дигар мерафту барои саводнок шудани мардум кӯшиш мекард. Дар он солҳои мушкил, дар сардиҳои зимистон, бо пои пиёда аз як деҳа ба деҳаи дигар рафтан азоб буд. Кӯҷар гоҳ-гоҳ бемор мешуд. Вале ҷавонмардона кор мекарду аз паси зиндагӣ буд.
Тибқи суннатҳои мардумӣ соли 1942 падару модар Кӯҷарро ба духтари Наим, ки Суратмоҳ ном дошт, хонадор карданд. Вақте ки Суратмоҳ интизори тифли дувум буд, бемории Кӯҷар шадид шуд. Дар он солҳо дар деҳоти дурдаст духтур ҳам кам буд. Дар натиҷаи шиддати беморӣ Кӯҷари ҷавони бо садҳо орзую ормонҳои ҷавонӣ аз олам даргузашт.
Дар урфият мегӯянд, ки шодию ғам ҳар лаҳза шарики инсон аст. Пас аз ҳафтаи фавти Кӯҷари 23-сола дар ин хонавода писараке ба дунё омад. Зани ҷавон, ки ҳанӯз дар азо буду ҳамсари азизашро аз даст дода буд, аз ғуссаву ғам ва дарду алам номи писаракашро Аламхон гузошт. Дар асл Аламхон охири соли 1945 таваллуд шуда буд. Вале ҳангоми гирифтани гувоҳнома рӯз ва соли таваллуди ӯ 4 феврали соли 1946 қайд шуд. Суратмоҳи оқилу порсо бо ёрии хешовандонаш писаракашро бо ҷону дил парвариш намуд.
Инак, оҳиста-оҳиста Аламхон ба камол расиду мактабрав шуд. Соли 1952 модар Аламхонро ба мактаб дод ва пайваста рафти хониши ӯро назорат мекард. Ҳамеша таъкид менамуд, ки «бачам, хон, одами хондагӣ ҳар муроде, ки дар дил мепарварад мерсад, хору зор намешавад». Аламхони камгуфтору хушрафтору хоксор ин фармудаи модарашро ба таври мунтазам иҷро мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё