Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
соли 2003 ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ сазовор гардид.
А. Кӯчарзода дар баробари тадқиқи таърихи матни асар ба таҳияи матнҳои илмӣ ва саҳеҳи асарҳо таваҷҷуҳ намуда, вазифаҳои назарӣ ва амалии матншиносиро ба ҳам пайванд медиҳад. Ӯ дар баробари матни илмии қиссаи «Одина», матни илмии қиссаи «Марги судхӯр» ва матнҳои саҳеҳи рисолаҳои «Қуддусия» (1993), «Маърифати нафс» (1994) ва «Дарвешия»-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба таб расондааст.
Ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии ЮНЕСКО соли 2015 дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид, се рисолаи ин мутафаккирро ҳам бо хуруфи кириллӣ ва ҳам бо алифбои ниёгон ба чоп омода намуд, ки бо номи «Се рисола»-и Амир Сайид Алии Ҳамадонӣ” (Душанбе, 2015) чоп шуданд.
Зери роҳбарии А. Кӯчарзода 12 унвонҷӯ аз Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон: Сирҷиддини Эмомалӣ («Аз таърихи эҷоди романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода», 2002), Наврӯз Қаландаров («Аз таърихи таҳаввули матни повести С. Айнӣ «Марги судхӯр», 2004), Рустам Ваҳҳобзода («Таҳаввули вазн ва хусусиятҳои оҳангу зарб дар назми муосири тоҷик», 2007), М. Исматуллоев («Поэтикаи насри бачагонаи Пӯлод Толис», 2009), Султониҳарочӣ Паричеҳр Алимурод («Ҳаёт ва фаъолияти Жолаи Исфаҳонӣ», 2013), А. Шафиев («Роҳи зиндагӣ ва ашъори Ашӯр Сафар», 2010), У. Абдуллоева («Биллингвизми бадеӣ дар эҷодиёти С. Айнӣ», 2010), Д. Муҳиддинова («Поэтикаи ғазалиёти Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ», 2012), Н. Шамсов («Ҳабибулло Файзулло ва ҷойгоҳи ӯ дар назми солҳои 60-70-и садаи ХХ»), Р. Додихудоев («Хусусиятҳои татбиқии новеллаҳои адабиёти тоҷик ва араб»), Т.
Ҳафизов («Хусусиятҳои мундариҷавӣ ва бадеии ашъори Сафармуҳаммад Айюбӣ») ва дигарон рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Номбурда ба диссертатсияи доктории Сироҷиддини Эмомалӣ дар мавзӯи «ТаҷАССУМИ бадеии таърих дар насри Сотим Улуғзода» мушовири илмӣ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё