Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Феълан то бад-ин поя марҳилаҳои камолот паймудан, устод дар рушду нумуи илму фарҳанг, мактабҳои олию миёнаи дигари кишвар низ саҳм мегузоранд ва дар омодасозии мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва соҳибунвонҳои илмии муассисаҳои таълимоти олии дигари кишвар низ кӯшишҳои босамаранҷом медиҳанд.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ вазъи аксар донишкадаю донишгоҳҳои дур аз пойтахт ҷойгирбуда, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кӯлоб сол то сол рӯ ба завол овард. Устодони соҳибунвон бинобар сабаби нохуб будани вазъи иқтисодӣ аз донишгоҳҳое, ки солиёни зиёд он ҷо кор мекарданд, ба дигар донишгоҳу донишкадаҳо нақли макон карданд ва ё ба касбу кори дигар гузаштанд. Хавфи барҳам хӯрдан ва ё ба филиали донишгоҳҳои марказӣ табдил гаштани Донишгоҳи Кӯлоб низ ба миён омада буд. Мушкилии пайдошударо аз байни донишмандони тоҷик пеш аз ҳама устод Худой Шарифов (ёдашон ба хайр) дарк кард ва дар пайи ҳалли он чораандешӣ менамуданд. Дар ин кори хайр, яъне тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар соҳаи филология барои минтақаҳои дур аз марказ муҳаққиқони варзида Маҳмадаминов А., Кӯҷарзода А. ва дигар олимон низ камари ҳиммат баста, то имрӯз даҳҳо шогирдони соҳибунвонро барои муассисаҳои олии кишвар омода карданд ва ин иқдом бо маром идома дорад.

Устод Аламхон Кӯҷарзода аз ҷумлаи зиёиёни камшумори тоҷиканд, ки умри бобаракати хешро сарфи ду пешаи пурифтихор: омӯзгорӣ ва муҳаққиқии адабиёти тоҷик намудаанд. Лозим ба гуфтан аст, ки ҳар ду пеша ба якдигар ҳамсанг буда, яке дигареро пурра мекунад. Агар гуфта шавад, ки он кас ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилоти олӣ, ҳама кӯшишу талошҳои пажӯҳишияшро барои шинохт ва омӯзондани адабиёти тоҷик ба харҷ медиҳад, росту дуруст аст. Чуноне ки дар таълифи китоби адабиёти тоҷик (барои

пешина
аз 226
навбатӣ