Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

пуршебу фарози эҷодкорӣ раҳнамоияшон мекарданд. Як давраи муайян муаллим вазифаи пурмасъулияти муҳарририи рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлобро низ ба уҳда доштанд, аз ин рӯ навишторҳои донишҷӯён дар сафҳаҳои ҳар як шумораи рӯзнома ба чашм мерасид.

Бемуҳобот, метавон гуфт, ки натиҷаи заҳмати устод аст, ки имрӯз аксари он навкаламон дар ҷодаи корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва рӯзноманигорӣ, аз ҷумла дар шабакаҳои радио ва телевизиони минтақаи Кӯлоб ва берун аз он гомҳои устувор мегузоранд ва дар рушди соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии халқ, ба вижа илму маориф ва журналистика саҳми босазо доранд.

Аламхон Кӯҷарзода таълимгирифтаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло ДМТ) мебошанд. Дертар ба мо шогирдон маълум гардид, ки муаллим пас аз солиёни зиёд дар донишгоҳи Кӯлоб дарс гузаштанашон ба донишгоҳе, ки замоне он ҷо таҳсил мекарданд, ба кор рафтанд. Аммо эҳсоси муҳаббату хайрхоҳие, ки устод Кӯҷарзода нисбат ба донишгоҳи Кӯлоб ва мардуми минтақаи Хатлон доштанд, то имрӯз заррае кам нагардидааст. Робитаи худро аз Донишгоҳи Кӯлоб нагусаста, ҳоло ба ҳайси устоди ҳамкор дар кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистикаи ин муассиса фаъолият доранд, дар баргузор намудан ва гузаронидани семинарҳо, конфронсҳои илмӣ ташаббус нишон дода, ба омӯзгорон маслиҳатҳои судманд медиҳанд. Мо шогирдон аз маслиҳату роҳнамоиҳои ин шахсияти пуркор, донишманди асил, табиатан хоксору самимии пайваста бархӯрддор мегардем. Хусусан аз замоне, ки устод ба Донишгоҳи Кӯлоб дубора ба кор омаданд, бо ӯ дар ҳар мавқеи созгор вомехӯрем ва аз суҳбатҳои ширину дилнишинашон баҳра мегирем. Ба гуфтан меарзад, ки таҷрибаи рӯзгор на танҳо ба хирад ва маърифаташон неру ва тавон бахшидааст, балки дар ниҳоди ин марди хирад сиришти неки инсониро ба сони бурдборӣ парвардааст.

пешина
аз 226
навбатӣ