Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Нодира АШӮРОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
РОҲНАМОИ ИЛМУ МАҲРИФАТ
Ҳаёт, роҳи илмии паймуда ва фаъолияти меҳнатии доктори илми филология, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Кӯҷарзода Аламхон барои наслҳои ҷавон бағоят шавқангез ва ибратомӯз аст.
Ёд дорам, ки аввали моҳи сентябри соли 1991, ҳангоми дар курси дуюми факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳсил карданам, нахустин бор бо устод Кӯҷарзода Аламхон вохӯрдам. Ӯ бо тамкину оромии ба худ хос вориди синфхона гашта, ба мо донишҷӯёни кунҷков худро шиносонд ва бохабарамон кард, ки аз ин пас ба мо аз фанни “Назмшиносӣ” дарс мегӯянд. Устод пеш аз оғози дарс таъкид карданд, ки фанни “Назмшиносӣ” аз шоҳаҳои муҳими илми адабиётшиносӣ буда, омӯзиши ҷиддиро талаб мекунад. Дар ҷараёни омӯзиш пай бурдем, ки гуфтаҳои устод бепоя набудааст. Новобаста аз душвориҳои зиёд дар роҳи аз худ намудани дониш - пайваста омӯхтани асарҳои илмӣ-пажӯҳишӣ доир ба фанни номбурда, мо шогирдон наметавонистем бидуни дарсҳо ва фаҳмондадиҳии устод Кӯҷарзода паҳлуҳои мушкилфаҳми онро азхуд намоем. Дарсҳо хеле шавқовар мегузаштанд. Устод ҳалиму меҳрубон, аммо дар айни замон хеле сахтгир ҳам буда, на танҳо мураббии асил, инчунин инсони комилу соҳибхирад ва дорои закавати баланди шахсӣ мебошанд. Афзун бар ин, устод ба ҷавонони эҷодкори донишгоҳ низ пайваста ёрӣ мерасонанд. Дар навиштани мақолаҳо, шеъру ҳикояҳо ва дигар эҷодиёти шогирдонаи навқаламон, ба қавли доноён “дасти онҳоро мегирифтанд”, навиштаҳояшонро таҳрир мекарданд ва дар роҳи мушкили

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё