Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

будем. Шумо дар замири мо арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ - забону адабиёт, таъриху фарҳанг, марзу бум ва сарзамини аҷдодиро омӯхтаед. Заҳматҳои шумо бесобиқаанд.

Шогирдони шумо на танҳо омӯзгори асиланд, инчунин шоиру олим, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ ва намояндагон дар парлумони кишваранд ва баҳри пойдории ваҳдату истиқлолияти давлатӣ, баҳри оромиву осудагии рӯзгори мардум ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа талош меварзанд. Аз ин рӯ, ҳамду сано бод ба шумо - эй равшангарони дилҳо!»

Хеле мутаассифам, ки ҳоло баъзе устодони мӯҳтабари мо дар қайди ҳаёт нестанд... Онҳо чун ахтарони дурахшони ҳаёт бароимон ҳамон тавре ки буданд, гиромиқадр ва зинданом мемонанд. Оре, онҳо ҳамеша зиндаанд. Шогирдони воломақому шуҳратёр, обрӯманду соҳибэҳтиром давоми рамзии умри онҳост.

...Ҷашни 70-солагии донишгоҳи азизамро ба ҳамаи устодону шогирдон ва ҳамсабақонам шодбош гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама дар фаъолияти омӯзгориашон муваффақиятҳо ва сарсабзиҳо таманно дорам!

Ҳар кӣ накард ҳурмат устоди раҳнаморо,
Аз ақлу дину имон ӯро хабар набошад.

пешина
аз 226
навбатӣ