Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
ҷашнвораҳо, вохӯрӣ бо шоирони бузурги миллат ва шахсиятҳои барҷастаи ҷамъиятиву сиёсӣ, аз баргузории олимпиадаҳои байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз мусобиқаҳои варзишиву озмунҳои фарҳанги-ҳунарӣ шаммае ба шогирдонам қисса мекунам ва бо чашмони худ мебинам ва дарк мекунам, ки онҳо аз нақлҳои таваҷҷуҳбарангези ман мафтун шуда, ба ваҷд меоянд, рӯҳу илҳоми тоза мегиранд ва орзу мекунанд, ки донишҷӯ шаванд ва шояд таълиму тадриси чунин устодони донишманду хирадманд насибашон гардад.
Ҳар гоҳ аз тариқи оинаи нилгун ба чеҳраи устодони худ менигарам, ё дар авроки рӯзномаву маҷалаҳо аксу навиштаҳои ҷолиби онҳоро мутолиа мекунам, вуҷуди маро як ҳиссиёту ҳаҷҷони фарахбахшу ифтихори баланд фаро мегирад, зеро фазилату маърифаташон бо шуури шогирдонай мо бо ҳазорон риштаи меҳру самимият пайванд буда...
Меболаму мефаҳрам ва бо як ҷаҳон самимияту ихлос чунин таронаи дилбастагию садоқат дар саҳфаи дилам нигошта мешавад: «Зиҳӣ, устоди муаззам, устоди илму адаб! Зиҳӣ, эй тарбиятгару парваришгари мо!
Дарсҳои шумо бароям дар ҳақиқат замзамаи муҳаббат нисбат ба оламу одам ва атрофу акноф буданд. Ман аз шумо санъати суханварӣ, маҳорати шеърхонӣ, ҷумлапардозиву ибодаорой, назокату салосати забони миллӣ ва ҷавҳари ҳикматбори адабиёти оламшумули тоҷикро омӯхтаам. Шумо моро айнишиносу турсунзодахон, лоҳутисирату лоиқтабъ ва ширинсухану шакаргуфтор намудед... Ҳар яке шумо дониш-омӯзу донишандӯз будед, илму дониши шумо рӯҳбахшандаву роҳатфизо буд.
Шумо ба мо шогирдон чӣ тавр бо китоб - чароғи абадию ҳамешафурӯзон сарукор гирифтан, санъати мутолиаи ҳақиқии асарҳои илмӣ ва бадеиро чунон омӯхта будед, ки он пайроҳаи садоқату вафодорӣ шуд ба дили шогирдон. Ва мо дар айёми донишҷӯйӣ аллакай китобхонаи хурди шахсии худро, ки он нишонаи фарҳангу маърифати волои донишҷӯст, таъсис дода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё