Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

синфи 11), дар ҷараёни омӯзондани тарҷумаи ҳоли адиб ва таҳлили осори ӯ барои устуворсозии хотираи шогирд, саҳифаеро ба саволу супоришҳо мебахшад, ҳар як вожаи душворфаҳмро дар поварақи китоб шарҳ медиҳад ва таваҷҷуҳи хонандаро ба назарияи адабиёт ҷалб мекунад. Чунин усули таълифи китоби дарсӣ барои баланд бардоштани савияи дониши шогирд нақши баланд мегузорад. Чунончи агар адиб дар жанрҳои гуногун — роман, повест, ҳикоя ва драма асарҳо офарида бошад, муаллифи китоби дарсӣ, хусусиятҳои ҳар як жанри адабиро ба таври фишурда ташреҳу тафсир мекунад. Ҳамин аст, ки китоби “Адабиёти тоҷик” (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳудойназар Асозода, Душанбе, 2007), дар нисбат ба китобҳои солҳои пешин ба чоп расида, аз нигоҳи мундариҷа ва услуби нигориш, дар сатҳи баланд ҷой дорад.

Устод дар солҳои тӯлонӣ ба халқу миллати худ хизмати ҳалол ва фидокоронаю дилсӯзона, ба хотири пешбурди илму адаб карда истодаанд. Ӯ дарвоқеъ аз чеҳраҳои тобандаи илму фарҳанги нави тоҷик дониста шуда, кору зиндагии устод шоистаи ибрату эҳтироми мо шогирдон ва ҳамзамонон мебошад.

Ҷусторҳои илмии устод дар самти матншиносӣ аз арзиши баланди илмӣ бархӯрдоранд. Ҳанӯз соли 1994 ба ин паҳлуи муҳими адабиёт аҳамият дода, китоберо бо унвони «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (Душанбе «Маориф», 1994) ба чоп расондаанд, ки дар ин бахши омӯзиши адабиёти тоҷик дарёфти нисбатан нав дониста мешавад.

Огаҳон медонанд, ки таҳрир дар фарҳангу адаб мақоми хосса дошта, барои фаъолияти муназзам ва роҳ надодан ба камбудиву норасоиҳо дар осори чопӣ ва шунидориву дидорӣ саҳми шоиста дорад. Пешаи муҳаррирӣ пешинаи қадим дошта, китобсозиву китобдории тоҷиконро бидуни муҳаррирони ҳушзеҳну доно тасаввур карда намешавад ва чуноне ки аз таърих пайдост ба кори муҳаррирӣ аслан адибону донишмандони барҷаста машғул мешуданд. Устод Аламхон

пешина
аз 226
навбатӣ