Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аз ҷумла камина низ дар ҳамин қатор аст ва як нафар сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ гардидаанд ва имрӯз мактаби матншиносии ӯро пеш бурда дар донишгоҳҳои кишвар фаъолияти илмию педагогӣ доранд. Барои олими асил гардидани шогирдонаш заҳмати беандоза мекашад. Устоди сахтгир ҳамеша ба шогирдон таъкид менамуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ вазъият аз ҳақиқати илмӣ худро ба канор нагирифта, ба сохтакорӣ, таҳрифоти илмӣ, ба замонасозӣ роҳ надиҳанд.

Дар «Зафарнома»-и Бузургмеҳри Ҳаким омадааст: Гуфтам: - Дунё ба чӣ дартавон ёфт? Гуфт: - Ба фарҳанг-сипосдорӣ-эҳтироми дониш. Гуфтам: - Агар илм омӯзам, чӣ ёбам? Гуфт: - Агар хурд бошӣ, бузургу номдор гардӣ, агар муфлис-камбагал бошӣ, тавонгар гардӣ ва агар маъруф бошӣ, маъруфтар гардӣ.

Имрӯз чунин меҳнати хоксорона, пурмаҳсул, масъулиятшиносона, эҷодкорона ва ҳалолу самарабахши ин устоди матинирода намунаи ибрати мо шогирдон гаштааст. Агар устод тимсоли офтобе, ки ҷаҳони маънавии инсонро нуронӣ гардонад ва ӯро ба сӯи наҷот раҳнамун созад ва чун кутбнамо, ки тариқи зиндагониро муайян намояд, пас ин ҳамаро мо шогирдон дар рисолати бузурги устод Аламхон Кӯҷарзода дар худсозӣ, худфарсоӣ ва ҷоннисории ӯ дар ҷодаи илм ва тарбияи шогирдонаш эҳсос кардаем. Ҳадаф аз зикри ҳикмати фавқ баёни сатрҳои навишта чанд аз ҷараёни рӯзгор, фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгории инсони фозилу фархундапай, нексиристу хайрхоҳ ва олими шинохта, доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии ДМТ Аламхон Кӯҷарзода буд, ки он басо ибратомез буда, комёбиҳои бадастоврдаи ӯ, бешак, самараи заҳматҳои тӯлонӣ ва ҷустуҷӯҳои пайваста дар шоҳроҳи илму маърифатанд. Профессор Аламхон Кӯҷарзода ҳамеша дар паи ҷустуҷӯҳои нави илмӣ ҳасту якмаром аз дигарон низ ривоҷу

пешина
аз 226
навбатӣ