Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

«Мавқеи матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои насри Садриддин Айнӣ»-и А. Кӯчарзода дар таҳқиқи проблемати матншиносӣ як ҷунбиши бузурге ба вуҷуд овард, ки дар натиҷа, дар адабиётшиносии муосир, ба таҳқиқи ин масъала ба таври ҷиддӣ даст заданд ва тадриҷан асару рисола ва мақолаҳои сершуморе ба табъ расиданд. Боэътиқоду эътироф бояд зикр намоем, ки устод Аламхон Кӯчарзода чун олими асил тавонистааст дар соҳаи адабиётшиносӣ, алалхусус дар бахши матншиносӣ як равиши тозае ба вуҷуд биоварад. Мактаби матншиносии Аламхон Кӯчарзода яке аз мактабҳои эътирофгардидаи адабиётшиносии тоҷик ба шумора мерафт ва ба шумора меравад.

То имрӯз ин олими нексиришт ба хазинаи пурбори илми тоҷик беш аз 5 рисола, 8 китоби дарсӣ (бо назардошти аз нав такмил додан), 10 дастури методӣ-таълимӣ, зиёда аз 470 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, илмию амалӣ ворид намудааст. Ин олими сарсупурда ва як фидоии илми адабиётшиносии тоҷик дар як қатор симпозиуми байналмилалии соҳаи адабиётшиносӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат варзидааст. Барои хизматҳояш ҳанӯз дар замони шӯравӣ бо медалу грамотаҳо ва Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ сарфароз гардидааст. Солҳои тӯлонӣ узви Шӯрои диссертатсионӣ доир ба дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадии ДМТ мебошад.

Устоди муҳтарам Аламхон Кӯчарзода, чун идомадиҳандаи мактаби эҷодии устодони зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Соҳиб Табаров дар тайёр ва тарбия кардани кадрҳои соҳаи адабиётшиносӣ саҳми сазовор гузоштааст. Устод ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯҳои нави илмӣ ҳасту якмаром аз дигарон низ ривоҷу сайкал додани дониши худро талаб мекунад, зеро ҳамеша таъкид мекунад, ки шахсе, ки бо илм сарукор дорад, то зинда аст, бояд биёмӯзад. Таҳти роҳбарии ӯ 15 нафар сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ,

пешина
аз 226
навбатӣ