Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Он кас камбудиҳоро рӯпӯш намекунанд, холисона фикрашонро баён намуда, роҳҳои ислоҳи камбудиҳоро ошкор мегӯянд.
Устод шахси пуркоранд. Ба ғайр аз таҳқиқоти илмӣ ба навиштани шеър низ машғуланд. Вақте ки китоби рубоиҳои ба модар бахшидаашонро мехондам ба риққат омада ашк намегузошт, ки хондани рубоиҳоро давом диҳам. Китоб хеле самимӣ ва хотирмон аст.
А. Кӯҷарзода муаллифи рисолаҳои зиёди илмӣ, китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 11-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, маҷмӯаҳои «Сад рубоӣ» (2012), «Бобо ва набераҳо» (2013) ва муаллифи зиёда аз 470 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошанд.
Профессор А. Кӯҷарзода Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (1995), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2008) буда, ба ордени «Дӯстии халқҳо» (2001) ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2013) сазовор гаштаанд.
Устод шахси хоксор ва заминианд. Ҳамеша ба дигарон гузашт мекунанд, кӯшиш менамоянд, ки аз касе боло нашинанд, доимо аз таъриф кардани бартариятҳои худ худдорӣ мекунанд. Ин байти Амири Кабир ба сифатҳои неки устоди ман ҳам ишора дорад:
Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод.
Дар ҳақиқат устоди ман гавҳари ноёб мебошанд. Гарчанде барои дастовардҳои илмиашон устод ба ҷоизаҳои гуногун сазовор шудаанд, аммо медонам, ки беҳтарин ҷоиза барои устод меҳру муҳаббати мо — шогирдон ва атрофиён мебошад, чунончи Мавлоно Ҷомӣ боз фармудаанд:
Гар надорад симу зар доно, манеҳ номаш гадо, Дар бараш дил баҳри дониш, ӯ шаҳи баҳру бар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё