Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
– Ту қобилияти хуби эҷод кардан дорӣ, беҳтараш ҳикоя, ҳисса ва дигар асарҳои бадеиву публисистӣ навис, – гуфта устод ба ман фотеҳа доданд.
Устод Кӯчарзода баробари роҳбари гурӯҳ инчунин роҳбари маҳфили «Адибони ҷавон»-и донишкада буданд. Мо як гурӯҳ донишҷӯёне, ки завқу рағбати навиштан, эҷод кардан доштем, ба ин маҳфил шомил будем. Дар як моҳ як маротиба ҷамъ омада чакидаҳои хомаамонро мехондем, сӯҳбату баҳсҳои эҷодӣ мекардем. Устод фикрҳояшонро иброз медоштанд, сахтгир буданд. Ба эҷодиёти мо — навкаламон баҳои воқеъбинона медоданд. Нуқсонҳои эҷодиро сари вақт ошкор намуда роҳҳои ислоҳи онҳоро баён мекарданд. Ин аст, ки аз гурӯҳи мо се нафар: Сафар Аюзодаи Маҳзун, Амиршоҳӣ ва ман узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шудем. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб низ дастпарвари ин маҳфил мебошанд. Дар ин кор саҳми устод назаррас аст.
Устод ба ман ҳамеша мегӯянд, ки «Муваффақияти ту дар интихоби мавзӯъ мебошад, он проблемаҳое, ки ту ба миён меорӣ, дар ҳақиқат мавзӯи рӯз аст ва ту ҷуръат карда, масъалагузорӣ мекунӣ». Аз ин баҳои устод сарам ба само расида, илҳомам чун обҳои шаффофи чашмасорон ҷӯш мезанад. Мехоҳам бештару бештар эҷод намоям.
Устод қисми аввали романи «Чордодарон»-ро хонда, дар ҳошияи аврақ фикрҳояшонро мухтасар баён карданд. Дар он саҳифае, ки қаҳрамони асар Мурод дар сӯгвории бародараш-Анвар, ки аз муҳоҷират ҷисми беҷонашро ба Ватан меоранд, обӣ дида мекунад, – устод навиштааст: «ман ҳам гиристам».
Зиёда аз сӣ сол мешавад, ки мо донишкадаро хатм намудем, аммо меҳри устод, насиҳатҳояшон ҳамеша бо мост.
То ба имрӯз ман худро шогирд ва он касро устод ҳисобида, чакидаҳои хомаамро аввал ба устод нишон медиҳам. Хонандаи аввалини асарҳоям – маҷмӯаҳои ҳикоя, ҳисса ва роман – «Як шаб...», «Қасоси зан», «Бонувони Фарҳор», «Бӯи модар», ва романи «Чордодарон» устод Кӯчарзода мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё