Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Пеш аз таътили тобистона устод рӯйхати китобҳоеро ба мо тавсия медоданд, ки ёфта хонем. Ёд дорам, устод супориш дода буданд, китоби зарбулмасал ва мақолу ҳикматҳои халқиро ёфта хонем ва барои истифода бо худ ба Донишгоҳ биорем. Ман бисёр шод будам, ки супориши устодро иҷро кардам ва якуми сентябр китоби тавсиянамудаи устодро, гарчанде куҳна буда, баъзе варақҳояш дарида, ба дарс овардам.
Устод китобро ба даст гирифта гуфтанд:
— Афсӯс, ганҷ дар вайрона будааст, ин варақҳои охири китоб нест-ку! Касе гушна монда, ин варақҳоро хӯрда бошад? Дуруст аст, ки китоб низ ғизо аст, аммо ғизои маънавӣ!
Ин суханон ва таъкиди устод то имрӯз дар гӯшам садо медиҳад. Бароям он лаҳза як дарс буд, дарси зиндагӣ, қадр кардани китоб. Ба ёдам меомад рафтори модар, ки ҳар китоберо, ки аввалин бор ба даст мегирифт, албатта онро бӯсида ба дидаҳо мемолид. Ин рафтор ба ман ва фарзандонам аз модар мерос мондааст. Бо гирифтани китоби нав беихтиёр онро бӯсида ба дидаҳо мемолам.
Гурӯҳи мо яке аз гурӯҳҳои фаъоли донишкада ба ҳисоб мерафт. Қисми зиёди донишҷӯён бо баҳои хубу аъло таҳсил мекарданд. Соли хониши 1975-76 ғолиби озмуни умумиҷумҳуриявӣ шуда, соҳиби роҳхати истироҳатӣ ба Баҳри Тоҷик ва Искандаркул гаштем.
Устод барои мо ҳам муаллим, ҳам падар ва ҳам дӯсту бародар буданд. Ҳамчун устод эҳтиромаш мекардем, ҳамчун падар ҳарос доштем, ки мабодо ягон рафторамон боиси қаҳру ғазабашон нашавад, боз ҳамчун бародар ва дӯст рози дил мегуфтем. Дар давраи донишҷӯӣ гирандаи стипендияи ба номи Садриддин Айнӣ, раиси ҷамъияти илмии студентон (ҶИС) будам. Баъди хатми донишгоҳ, ки онро бо дипломи аъло (сурх) анҷом додам, рӯзе аз устод маслиҳат пурсидам:
— Устод, чӣ мешавад агар ман ягон мавзӯъ гирифта кори илмӣ нависам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё