Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Саъдӣ Маҳдӣ,
устоди ДМТ

УСТОДИ МАН

Аламхон Кӯчаров. Бо ин ном соли 1985, вақте ки ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии ш. Кӯлоб (ИДПК) дохил шудам, шинос шудам! Чизе, ки нахуст бо дидани ӯ шахсро ҷалб мекард, мӯи фавқулода сиёҳ ва зебояш буд. Андоми логар ва каме хамида, вале ҳамеша андешамандаш пеши рӯям ҳаст! Дар курси 3-юм мавзӯи «Инсон дар симои Носир Аббос аз «Палатай кунчакӣ»-и Ф. Муҳаммадиев»-ро аз дафтари кафедраи адабиёти тоҷик зери роҳбарии устод интихоб намудам. Ин интихоб маро як умр бо илму эҷод пайваст! Вақте кори курсии маро ба Душанбе фиристоданд, ин кор дар марказ ҷои аввал гирифт, ки барои дилгарм шуданам дар идомаи он барои кори дипломӣ асос гардид! «Консепсияи инсон дар асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев» чунин ном дошт кори дипломиям. (Вақт шавад, инро чоп хоҳам кард). Устод аҷиб хоксору оддӣ, вале назарбаланданд. Як рӯз гуфтанд, ки Душанбе, ба китобхонаи Фирдавсӣ меравем! Ҳамин тавр, ҳамроҳи устод 3 рӯз дар китобхонаи машҳури пойтахт - Фирдавсӣ адабиёт кофтем ва бештарини мақолаҳои марбутро дар ягона нусхадасгоҳи (ксерокопияи) китобхона нусхабардорӣ кардам. Бале, ҳайрон нашавед, мо чунин устодон доштем, ки як бачаи деҳотиро гирифта ба маркази тамаддун меоварданд. Ҳоло барои ба олимпиада ба ш. Самарқанд бурданам аз тарафи раҳматии Сайҷаъфаров Шоҳвалӣ ва соҳиби ҷои аввал шуданам ишорае бас аст, чун он нақли алоҳидаест! Ҳамин тавр, кори дипломиро бо дастгирии устод навиштам. Онро дар мошинкаҳои дастии он замон маъруф чоп кунонидам ва ба дасти устод супоридам. Ғайриинтизор, соли 1990 устод ба докторантура баромаданд ва маро ба

пешина
аз 226
навбатӣ