Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

убур мекунад, дар қолаби ин мухтасар аз имкон берун аст. А. Кӯчарзода фаъолияти илмӣ ва омӯзгориро аз оғоз тавъам ҷараён дода, дар ҳарду самт сазовори эҳтиром гардидааст. Дар мақолаҳои илмирии ӯ муҳимтарин нуқтаҳои зиндагиву осори адибони классики тоҷику форс ва шоиру нависандагони даврони нав, ба монанди Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икрокӣ, Раҳим Ҷалил, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Мӯъмин Қаноат, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Алимуҳаммад Муродӣ, Муҳаммад Ғоиб, Лоиқ Шералӣ, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Ҷонибек Акобиров, Ширин Бунёд, Салими Хатлонӣ, Сомеъ Одиназода, Салими Зарафшонфар ва ... бо нақди воқеӣ рӯнамоӣ шудаанд.

Китобҳои эшон «Адабиёти тоҷик барои синфи XI» (бо ҳаммуаллифии профессор Х. Асозода), (2007, 2011, 2015, 2018), «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2001), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С.Айнӣ» (2013), «Муҳаққиқи соҳибмактаб» (2014), таҳияи матнҳои осори Мир Саид Алии Ҳамадонӣ - «Рисолаи куддусия», (Кӯлоб, 1995), «Маърифати нафс» (матни илмӣ-оммавӣ бо сарсухан ва тавзеҳоту шарҳи луғот) - Кӯлоб, 1995, «Маориф - гарави пешравии ҷомеа» (2015, бо ҳаммуаллифӣ), китобҳои бадеии «Сад рубоӣ» (2012), «Бобо ва набераҳо» (2013) муште аз хирвори бобаракати ин донишманди поксиришт, матншинос ва муҳаққиқи хушназари адабиёт аст. Нависандаи фаронсавӣ Виктор Гюго андешаи ҷолибе дорад ба ин зайл: «Хушбахт касест, ки ба яке аз ин ду чиз дастрасӣ дошта бошад: ё бо китобҳои хуб ва ё бо дӯстоне, ки аҳли китоб бошанд». Хушбахтона, ин оинаи бегубори илму ирфон аз ин ду чизи арзишманд бархӯрдаранд.

пешина
аз 226
навбатӣ