Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
гузоришҳои А. Кӯҷарзодаро як хусусияти умда ба ҳам мепайвандад: равиши баёни андешаву мулоҳиза ва соддаву фаҳмо карда нишон додани ҳодисаҳои адабиё, ки диққати ӯро ҷалб кардаанд, зеро А. Кӯҷарзода аз баёни қолабии ақида дурӣ меҷӯяд». (Ҷустуҷӯҳои адабӣ. Китоби 7. – Душанбе: Оптима, 2006, – С.187).
Ба гуфта омад, ки объекти асосии таҳқиқи профессор А. Кӯҷарзода эҷодиёти устод С. Айнӣ аст ва, ҳамон тарз, ки фаъолияти адабӣ ва илмии Садриддин Айнӣ домани густарда дорад, фаъолияти пажӯҳишгарии А. Кӯҷарзода низ паҳнои фарох дошта, ҳамаи самтҳои рӯзгору осори С. Айниро фаро гирифтааст. Китоби дигари А. Кӯҷарзода ба «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи устод Айнӣ» (– Душанбе, 2013) ихтисос дорад. Фаъолияти рӯзноманигории устод низ як фасли ин китобро ташкил додааст. Аз мундариҷаи китоб аён мегардад, ки ин маротиб айнишиноси донишманд доираи ҷустор ва биниши илмии худро фарох намуда, масъалаҳои умда ва ҷузъиёти ба таҳрир, талаботи маърифати муҳаррирӣ, тасҳеҳи матн, тасҳеҳи забониву услубӣ, таҷрибаи муҳарририи мутахассисони рус у тоҷик, фаъолияти муҳарририи С. Айнӣ, ҷанбаи таҳририи мактуботи устод Айнӣ ва чандин масъалаҳои дигари ба ин самт ихтисос гирифтаро матраҳ намуда, хулосаҳои муътамади илмӣ баровардааст.
Бояд ба гуфта ояд, ки фаъолияти пажӯҳишгарии А. Кӯҷарзода танҳо ба масъалаи матншиносӣ маҳдуд намешавад, балки ӯ аз оғози фаъолияти илмиаш ба муҳимтарин масъалаҳои адабу фарҳанги гузаштаву муосир иштиёқ зоҳир намуда, натиҷаи ковишҳо ва мушоҳидаҳои илмиашро дар мақолаву китобҳо манзури хонанда намудааст. Зикри номи мақолаҳои ин донишманди фаррохназар, ки ба масъалаҳои мубрами забон, адабиёти классикиву муосири тоҷик, нақди адабӣ, шеър ва шеършиносӣ, адабиёти кишварҳои хориҷии дуру наздик, тарҷумаи бадеӣ ва робитаҳои адабӣ, журналистика ва мактабу маориф ихтисос доранду теъдодашон аз 470

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё