Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
комил ва қавӣ будани бинои инсонгарии ӯ. Озор дидану озор надодан, кина нагирифтан ва бо дили пурдард хандон ба оянда нигаристан мароми зиндагии ӯ гардидааст. Дар рӯзгори устоди адабиёт, профессор А. Кӯҷарзода андарзи нависандаи англис Уилиям Теккерей ба хубӣ мавриди истифода қарор дорад. «Зиндагӣ оинаи бегубори чеҳранамо аст. Агар субҳ ба ҷониби ӯ бо табассум нигоҳ кунӣ, дар муқобилат чеҳраи пуртабассумро мебинӣ, агар бо чеҳраи гирифтаву губори хотир нигарӣ, ҳамин гуна чеҳра ба рӯят менигарад».
Ӯ бо истифода аз андарзи бузургон ба такрор ёдовар мешавад, ки барои он ки зиндагӣ тоқатфарсо нагардад, инсон бояд ба ду чиз одат кунад. Захмҳое, ки замон додааст ва беадолатие, ки одамон мерасонанд. Навиштаҳо башорат медиҳанд, ки устод А. Кӯҷарзода ҳамеша ба зиндагӣ бо нигоҳи гарму меҳрубон менигарад ва пурнурии чеҳрааш низ аз покии қалб аст.
Профессор А. Кӯҷарзода ва донишманди фақид Ҷӯрахон Бақозода пайҳам масъулияти мудирии кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикиро бар уҳда доштанд. Дар муносибат ба пажӯҳиши адабиёт ва муносибат ба ҳамкорон байни онҳо ҳамгуниҳои зиёде роиҷ буд. Соли 2007 дар иртибот ба санаи мубораки 60-солагии А. Кӯҷарзода донишманди зиндаёд Ҷӯрахон Бақозода бо номи «Инсони нексиришт ва муҳаққиқи масъулиятшинос» мақолаи танида аз торҳои меҳру ихлосро навиштанд, ки зикри иқтибоси кӯтоҳе аз он дар кушодани чеҳраи пажӯҳишгарии А. Кӯҷарзода мадад мерасонад.
«Имрӯз бидуни таҳқиқоти А. Кӯҷарзода омӯзиши илмии давраҳои инкишофи адабиёти муосир, асарҳои мушаххас ва эҷодиёти адибони ҷудогона имконнопазир аст. Фаъолияти илмии А. Кӯҷарзода танҳо ба соҳаи матншиносӣ маҳдуд нест. Бисёр мақолаву гузоришҳои вай ба муҳимтарин масъалаҳои адабиёти гузаштаву муосир, паҳлуҳои ҷудогонаи эҷодиёти шоиру нависандагон бахшида шудаанд... Ҳамаи навиштаҳову

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё