Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
МАКТАБИ ИЛМИИ АЛАМХОН КӮЧАРЗОДА
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кӯчарзода дар ДМТ мактаби хосси илмӣ — матншиносиро бунёд гузоштааст. Бо таълифи асарҳои бунёдӣ, аз қабили «Турсунзода: садоқат ва маҳорат» (2011), «Таҳрири арабӣ ва фаъолияти муҳарририи С.Айнӣ» (2013), «Муҳаққиқи соҳибмактаб» (2014), «Адабиёти тоҷик» (барои синфи 11, 2007) ва китобу мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмӣ-оммавӣ (шумораи мақолаҳои илмӣ ва оммавии муҳаққиқ ба 470 адад мерасад), миёни аҳли илму фарҳанги тоҷик чун адабиётшиноси варзида ва пухтакор эътироф шудааст. Китоби «Муҳаққиқи соҳибмактаб», ки ба зиндагӣ ва фаъолияти адабиётшиноси барҷастаи тоҷик С. Табаров бахшида шудааст, ғолиби озмуни «Китоби сол – 2014» гардида, муаллиф сазовори дипломи Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. А. Кӯчарзода бо ҳаммуаллифии А. Сайфуллоев, С. Муллоҷон, Ҷ. Ҷӯрабоев китоберо бо номи «Маориф – гарави пешравии ҷомеа» (2015) ба табъ расонд, ки дар он моҳияти таълимӣ ва тарбиявии таълифоти адибону мутафаккирони тоҷик – Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров баён шудаанд.
А. Кӯчарзода аз рӯзҳои нахустини фаъолият ба яке аз қисматҳои муҳими адабиётшиносӣ — матншиносӣ зиёда таваҷҷуҳ намуда, нақди матни осори адибони муосири тоҷикро мавриди омӯзиш ва тадқиқи муфассал қарор додааст. Дар чаҳорчӯбаи таҳлили филологӣ матншиносӣ мавқеи арзанда дорад, зеро дар он матни асари бадеӣ аз тарҳу қайдҳои хомакӣ, сиёҳнавису тозанавис то ҷузъитарин тағйироту дигаргуниҳое, ки дар дастхату матнҳои чопӣ мувофиқи салоҳдиди нависанда ва ғайри ихтиёри ӯ рух додаанд, ба таҳлил гирифта мешавад ва дар ин ҳолат қонунмандӣ, хусусиятҳои эстетикувӣ услубии асар, инчунин давраҳои фаъолияти эҷодкор амиқтар ошкор гардида, ҷиддитарин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё