Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Умари Дузд ба сари Мирзо тир мекушояд, мағзи пуристеъдоди варо чоку барҷок мекунад. Ва бисёр чизҳо, балки ҳама чиз ба охир мерасад.
Умар Ҳофиз дигар илоҷ надошт, ғайри истодан ва пасон камони дасташро рӯи замин гузоштан, ҳарчанд намедонист ин ҳам марги худаш ва хоса марги Мирзои Навозандаро боздошта наметавонад. Бо вуҷуди ин Умар Ҳофиз мехост бо ин кор — ба замин гузоштани камон — марги писарак Мирзоро чанд лаҳзаи дигар қафопарто кунад, ки хоҳу нохоҳ Умари Дузд варо ва ягон ҳунарвару санъатварро амон нахоҳад додан. Ба ҳамин дард гирифтор монда буд дузди ҳунаркуш, ки бе сабабу бе поя ба санъатварон ва ҳунарварон кину адовату ҷанг эълон дошта буд муддатҳои тӯлонӣ, балки чанд соли ахир.
Аз тарафи дигар Умар Ҳофиз ҳайрон буд, чӣ хел Мирзо пайдо шуда ин ҷо? Охир Умар Ҳофиз маҳз барои амонии ҷони Мирзо ва ӯ барин ҳунарварон омада буд ба ин ҷо. Омада буд, Умари Дуздро аз миён бардорад, ё худаш аз миён биравад, то бачайи навозанда ва писархондаш, — Мирзои вай ва ӯ барин ҳунарварон зинда монанд, ҳунарашонро рӯи замин идома ва такомул дода тавонанд. Аммо бинанд, ки бачаяк ба ин ҷо бо пои худаш омадааст ва барои он, ки Умари Дузд падархонди вай, яъне Умар Ҳофизро напаронад, бача асир ва бастаи панҷаҳои хунбораи дузди бераҳм гардидааст. Вале чунин шудан ҳам марги ин бача ва марги Умар Ҳофизро боздошта наметавонад. Бачайи соддае!
Умари Дузд як наҳанги дигар ҳам аз миён кашида ва мили якеро дар пешонаяи бачаяк Мирзо дошта, мили наҳанги навбаровардаро ҷониби Умар Ҳофиз рост карда буд. Акнун марги ду нафар — Умар Ҳофиз ва писархонди вай Мирзои Навозанда яқини яқин шуда буд.
Бале ҳамааш ба охир расидааст акнун барои Умар Ҳофиз ва барои умеди охирини дили вай — Мирзои кӯчак.
Вале ин ҳангом гӯё ногаҳон, аз зери замин рӯид мӯйсафеди асобадасти дигар аз бару паси Умари Дузд ва асои вай бархӯрд ба сари пешвои дуздон. Ва зарби таёқи оҳанини мӯйсафеди навпайдо Умари Дуздро чунон такон дод, ки мили наганҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё