Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Мирзо аз ин бало беосеб гузашта бошад, пас ба вай дигар офату балои зиндагӣ ҳаргиз асар нахоҳад кардан.

Худи Мирзо ҳоло намедонист, зинда монданаш зарур барои мардумон. Охир бисёре аз навозандагону созандагон, ки шарикону ҳампешагони ваянд, дере нагузашта, яке аз аҷали худ, дигар аз таъсири замони пурошуб ва сабабҳои дигару дигар аз олам дармегузаранд. Зеро дар пеш балову офату тӯфону гирдобҳои зиёд ҳӯнӯз буда ва монда... Пас Мирзо ҳар мақому наво, ки аз ин ҳунармандон омӯхтааст ва ё меомӯзад ва мақому оҳангҳои хосаи Исфаразаминро, ҳамчун дури гаронбаҳо, аз байни солҳои пурошӯб, муборизаву тазод ва задухӯрдҳои зиёд гузаронида, ба насли навин бояд расонида тавонад. Зеро, ҳарчанд адабиёти дар олам машҳури форсу тоҷик ва осори он бо василаи ҳарфу варақ ба оянда мерос гузошта шуда буд, аммо барои мондану нишона кардани созу наво аломате (яъне нотае) дар шарқзамин набуд, ки созу наво бо василаи онҳо ба оянда ва ояндагон расонида ва мерос гузошта шавад. Масалан, номи чӣ қадар оҳангсозони машҳӯри гузашта, ки ҳазорон сол муқаддам зиндагӣ карда буданд, ба мо маълум. Маълум, ки аз миёни муғанниён Саркашу Саркаб, Бомшоду Ромдӣ дар замони сосонӣ машҳуру маъруф будаанд. Борбад бошад барои ҳар рӯзи сол як оҳанги хоса эҷод карда буд ва чӣ тавре ки рӯзҳо ба ҳамдигар монандӣ надоранд, сесаду шасту панҷ оҳанги эҷодкардаи вай ба ҳамдигар монанд набудаанд... Дар ҳар давру замон аз миёни мардумони форсу тоҷик амсоли Борбад бузургон мерӯида ва онҳо бешумор будаанд. Оҳангҳои бешумори гузаштаро фақат хотираи насли минбаъдаи одамӣ зинда медошта ва бо ин васила аз давр ба давр ва аз қарн ба қарне мегузашта ва мерасида созу наво. Задухӯрдҳои таърих ва ошуби солҳои гузарон басо одамоне, ки ин оҳангҳои қадимаро ва созҳои хуҷастаро медониста, аз миён мебурдаанд. Ва баробари онҳо оҳанг ва созу наво низ мемурда. Вале қисмати ками ҳунарварон, ки зинда мемондаанд, чанд оҳанги дар хотирашон бударо эҳтиёт карда, ба насли оянда мерасониданд. Аз сесаду шаступанҷ оҳанги эҷодкардаи Борбад се ва ё чор ва ё шояд қисмати зиёдтар ворид гардида буд ба таркиби «Дувоздамақом», ки дар асрҳои қадима аз мусиқаи классикӣ

пешина
аз 194
навбатӣ