Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

БОЗГАШТИ «МУРДАГОН»-Е,
КИ ҲОЛО ЗИНДА БУДАНД

Хуллас ба Исфара «корвони мурдагон» не, балки корвони аробаҳо баргашта буданд, ки болои онҳо менишастанд рафтагон. Зеро корвони аз думболи Умар Ҳофиз рафтагон дастаи Қорӣ Носирро аз тарафи тамоман дигари ҷамоаи Кулканд дарёфта тавониста буданд.

Дар Исфара хурду калон ва умуман онҳое, ки аз ҳунари ансамбли Қорӣ Носир мудом баҳрабардор мешуданд, акнун ба истиқболи «корвони умедҳои барбоднарафта» баромада, бо як ҳаяҷону шодӣ ҷониби онҳо қадам мезаданд.

Аз ду тарафи аробае, ки болои он санъаткорон, яъне Қорӣ Носиру аъзои дастааш менишастанд, милиционерҳои рафта ва мардуми досту табару каланду бел дар даст бармегаштанд.

Умар Ҳофиз болои аспи худаш, пеши бараш, якеро ба бағал фишурда меомад. Ва ин Мирзо буд, албатта.

Яъне Умари Дузд бачаяк Мирзоро дарнаёфта буд ва пӯст канда натавониста буд ва забону гӯшу ангуштону дастони варо бурида натавониста буд ва Худованд ин бачаро ва ӯ барин санъаткорони дигарро ин маротиб, бо ину он васила, аз хатари ҷонгиру марги яқин халосӣ бахшида буд.

Мирзо, ки ҳоло бачавор дар бағали Умар Ҳофиз часпида буд, рамзи ғолибияти зиндагӣ барин метофт алайҳи маргу ноадолатии нокасон, ки дар ин дунё зиндагӣ доранду ба мардуми зиндаи дигар ғайри зарару зиён ва марг дигар чизе расондан наметавонанд ва намехоҳанд.

Гирди саманди Умар Ҳофизро, ки он ҷо Мирзои Навозандаи кӯчак буд, одамон печонида гирифта буданд. Баъзе одамон ба тани Мирзо бо меҳру муҳаббати хоса тап-тап мезаданд, баъзе аз чӣ бошад ба вай «ташаккур» мегуфтанд — шояд барои намурдан ва солим баргаштан ва дилпуриву таскини дили шикастаи Умар Ҳофиз шуданаш. Боз изҳор медоштанд, ки агар

пешина
аз 194
навбатӣ