Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

дастаи Қорӣ Носирро низ тамоман ҷониби дигар ишора карда ва нишон дода буд.

Умари Дузд ва одамонаш ба гумоне, ки Қорӣ Носиру дастааш бо василаи гузаштани зардолузори паҳлӯи деҳ ҷониби Исфара равона мешаванд, он ҷониб асп тозонда, рафта буданд.

Аммо то қариби Шаҳристон аз дастаи Қорӣ Носир фақат як доиразанро, ки он ҳам ба ҷойи пинҳон шудан, бесаришта сӯи Исфара равона гардида буд, дарёфта, ангуштон ва пӯсти кафҳои доиразанашонро бурида ва дигар касеро пайдо карда натавониста, баъдан, шояд, аз тарси дастаи ихтиёрён ва милисаҳо, ки аз шаҳр баромада, ба ҳуҷум омаданашон эҳтимолият дошт, қафо баргашта буданд. «Ба дастам меафтад ин Қорӣ Носиру дастааш!» — таъкид мекард Умари Дузд бо қаҳру ғазаби зиёд, — «Меафтад ба дастам ва ман забон ва ангушту дастони онҳоро хоҳам буридан, хоса Мирзоро чунин хоҳам кардан. Хуни Мирзоро, ки хуни тозаву таъсирбахшо бошад, то қатраи охирин хоҳам ошомидан ва макидан...»

Умари Дузд бехабар буд, ки Қорӣ Носири баргашта Мирзои аз боми баланд ниҳоят фуромадаро гирифта, ҳамроҳи дастааш ҷониби дигар равона гардида, то дастаи думболагирро чапгалат занонда тавонад.

Зеро хатари пас баргаштани Умари Дузду одамонаш ҳанӯз аз миён нарафта буд, балки яқини якин буд.

Дар ҳақиқат Умари Дузду дастааш ҷониби Кулканд баргашта буданд чанде пас.

Ва куҷо рафтану ба кадом самти дигар гурехтани Қорӣ Носиру дастаашро ва Мирзои Навозандаро, албатта, касе надида буд, ғайри ҳамон мӯйсафед, ки роҳ гаштану гурехтанаш душворӣ дошт ва аллакай дурӯғ ҳам гуфта буд боре барои Умари Дузд.

Ин пирамард самти гурехтагони дастаи Қорӣ Носирро ин маротиб ҳам аниқ нагуфт.

пешина
аз 194
навбатӣ