Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

нооромшудааш фош мекунад худи Мирзоро барои Умари Дузди хунхора.

Ва Мирзо ҳоло тамоми вазнашро болои дилаш пахш мекард, то таппиши номураттабу зиёдшудаи онро фурӯ нишонида тавонад...

Ва як вақт аз поён садои «чарс», «чурс» баромад ва бачаяк аз ин боз ба ларза биомад.

Вале овози ба бом баромадани касе набуд, балки овози бархӯриши қамчин буд ба сагрии асп бо зарбу иллате.

Садои суми аспе ҷониби зардолузори баромадгоҳи деҳ ба давиш омад ва садои суми аспони дигар аз думболи вай рафтанд, яъне саворагон ҳамагӣ рафта буданд, ҳарчанд Мирзо ба ин ҳанӯз бовар намекард. Бовар намекард, ки ангуштон ва забонаш ва гӯшонаш бо худаш мондаанд ва дар ҷисми худаш мондаанд, аз теғи тези Умари Дузд бурида ва кӯтоҳ нашудаанд...

...Дурӯғе, ки дастаи Қорӣ Носир тарафи зардолузори баромадгоҳи деҳ гурехтаанд, мӯйсафеде бофта ва гуфта буд, ки соате созу навои дастаи Қорӣ Носирро гӯш фаро медод, роҳате мебардошт, хоса аз навогарии Мирзои кӯчак лаззат мегирифт. Чунон лаззате мебардошт, ки дар синни пирӣ кам насиб мегардад ба одамӣ... Ҳангоми ҳуҷуми Умари Дузд мӯйсафед аз бемадорӣ ва аз он, ки пойҳояш нерӯи кирой надоштанд, гурехта натавониста ин ҷо монда буд ва бехи кундай дарахт менишаст, зеро онҳое, ки варо бардошта оварда буданд, аз тарси омад-омади Умари Дузду дастаи хунхораш варо фаромӯш карда, ҳар кадом ба ҳар тараф гурехта, ҷонашонро паноҳ бурда буданд. Албатта пири барҷомонда ҳеҷ чиз надошт, ки ба ивази созу навои Мирзои Навозанда фидо бикунад, зеро пирамарди бебизоат ва камбағал кайҳо аз кор мондаву танҳову бекасу мӯҳтоҷ буд. Вале чун Умари Дузду дастааш ба ҷойи нишасти мӯйсафед, ки гурехта натавониста буд, яъне бехи кундай дарахт расиданд, пирмард дурӯғе бофта ва гуфта буд, ки шояд боиси наҷоти бачаи навогари пурхунар гашта тавонад, балки боиси наҷоти тамоми дастаи Қорӣ Носир шуда бошад. Зеро ба Умари Дузд ин пирмард самти гурехта ва паноҳшудаи

пешина
аз 194
навбатӣ