Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

касбӣ, балки навогару мақомхони касбӣ ба шумор мерафт...

Фақат ҳангоме, ки Қорӣ Носир дари кулбаи паҳлӯи самоворхонаро кушода, мебаромад, бачаяк ба худ меомад.

Ва барои он, ки бача аз пайдо шудани вай ҳарос кашида, аз ин ҷо гурезон нашавад ва ё аз ваҷҳе, ки шарм дошта наравад, Қорӣ Носир худашро нодида меангошт, аз назди бача беовоз гузашта мерафт. Вале Қорӣ Носир зери чашм ваҷоҳати нургирифтаи бачаякро дармеёфт, эҳсоси ботинии варо дарк мекард, ба андешаи амиқ мерафт, ки «шояд дар вуҷуди ин бача оташаке ҳаст вобастаи созу наво...»

Қорӣ Носир як рӯз ба ҳуҷраи чойхона ворид гардида, аз чӣ бошад дарро нимрог монд ва чун Мирзо қариби дар пайдо гардид, овоз баровард:

  • Биё, даро, ба ин ҷо.

Писарак аз шунидани ин овоз кабид, шах шуд, вале чанде пас шармида, ба дарун по ниҳод, дар кунҷаки хона биншаст. Қорӣ Носир баъди ин бачаро боз гӯё фаромӯш карда бошад, ба асбоби навогарии дасти худаш ва чӯр кардани тораҳои он банд гардид. Ин «фаромӯшкории» вай мувофиқи хости Мирзо буд, зеро баъди ин бача худашро андак озод ҳис намуд ва нозуктарин ҳаракатҳои дасти Қорӣ Носирро рӯи тораҳо ва пардаҳо ба мушоҳида гирифта метавонист акнун.

Баъди ин, рӯзҳои дигар низ бачаякро боз ба ин ҳуҷра даъват мекард Қорӣ Носир, пеши назари вай дутор ва ё танбӯр менавохт, баъзан най мекашид, баъзан доира мезад.

  • Як зарбулмасали халқӣ ҳаст: деҳқон бошӣ судгор кун, олим бошӣ - такрор. Такрор накунӣ хонандаю созандаи хуб шудан душвор... - таъкид мекард Қорӣ Носир сабаби ҳар вақт дар хилватҷо ба созу наво шӯғл варзидашро барои бача.

Қорӣ Носир аз ҳама зиёд ғиҷчак менавохт, ки яқин ба ин асбоб муҳаббати хоса дошт.

Мирзо мехост амсоли Қорӣ Носир соҳиби асбобҳои навогарӣ бошад ва кадом вақт дилаш хоҳад, гираду навозад, яъне машқ

пешина
аз 194
навбатӣ