Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
кунад. Вале барои соҳиби асбоби навогарӣ шудан маблағ лозим буд. Мирзо бошад маблағ надошт. Аз тағоҳо ва бибӣ, ки баъди марги падару модар варо сарбонӣ мекарданд, ҳамчунин пул талаб карда наметавонист. Зеро медонист, онҳо низ пули зиёдатӣ надоранд, варна тағоҳо барои худ ҳеҷ не, асбоби мусиқа харидорӣ карда метавонистанд. Навохтани асбобҳои мусиқа барои онҳо фақат дар чойхонаи Қорӣ Носир муяссар мегардид...
Бо вуҷуди ин Мирзо мехост амсоли Қорӣ Носир худаш соҳиби асбобҳои навогарӣ шуда бошад.
Баъд чунин шуд, ки бача ба чойхонаи Қорӣ Носир наомад ва ин соҳиби чойхонаро то ҳадде ҳайрон кард, ҳатто ба хавотирӣ андохт. Зеро бачаяк Мирзо вақтҳои ахир мудом пеши назари Қорӣ Носир буд ва чойхоначӣ ба ин одат карда буд.
Аз байни як ҳафтаи дигар сипарӣ гардид ва аз бачак Мирзо ҳанӯз дарак набуд. Тағоҳои вай Устообид, Мирзособит ва Устобобо низ, аз чӣ бошанд, рӯзи чоршанбеи навбатӣ ба чойхонаи Қорӣ Носир наомаданд ва қатори дастаи навозандагон набуданд.
«Ба онҳо чӣ шуда бошад?-хавотирӣ мекашид Қорӣ Носир,- мабодо бачаяк Мирзо, ки мудом беҳол метофт, бемор шуда бошад ва тағоҳо ба вай овора шудаанд? Ё шояд ҳодисаи дигари нохуш ба амал омада дар хонадони онҳо?»
Хавотирии афзуда Қорӣ Носирро ба суроғи онҳо бурда буд дар ниҳоят.
Қорӣ Носир ба маҳалли Навгилем, ки хонаи бибӣ ва тағоҳои Мирзо ин ҷо буд, наздик мешуд. Ва бехи девори мадрасаи ин ҷо, ки Мадрасаи Абдуллохон мегуфтанд, як гурӯҳ бачаҳоро дид, ки гирди ҳам омада, ба мобайни давраи худ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Раги кунҷковии Қорӣ Носир варо ҳам ин ҷониб наздик оварда буд; хосатан, ки овози аҷиб ба гӯшаш мерасид аз ин ҷо.
Овоз ҳарчанд канда-канда буд, аммо дилнишин меомад.
Қорӣ Носир миёни давра, як бачаро дид, ки ба тораи кадом
асбоб, як чизи ба камонак монандро месоваду аз ин лаҳну садо
ҳосил мегардад ва бачаҳои атрофро бастаи худ медорад. Асбоби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё