Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

БАЧАЯКИ САҒИР

Аз думболи аъзоёни дастаи Қорӣ Носир, яъне Устообид, Мирзособит ва Устообобо аксари вақт бачаяке кашола шуда, ба чойхона меомад, ки ҷияни ин се бародар ба ҳисоб мерафт. Яқинтараш писари апаи фавтидаи онҳо буд. Бачаяк, ки баъди фавти падару модар дили шикастаи маҳзун дошт, тантанаи созу суруди чойхона ҳастии варо то ҳадде оромӣ ва таскин ва осудагӣ бахшида, балки ҳастии варо менавохт.

Баъзан, ҳатто рӯзҳое, ки дар Исфара бозор набуд ва чойхонаи Қорӣ Носир камодам мегашт ва созу суруд ин ҷо тантана надошт, бачаяк, ки Мирзо ном дошт, боз ҷониби чойхона меомад. Ва ин рӯзҳо, ки барои чойхона ташвиш кам мемонд, Қорӣ Носир баъзан ба кулбаи паҳлӯи самоворхонаи худаш, ки он вазифаи чойхоби меҳмонони роҳгузари шабмондаро, ба иҷро мерасонду вале рӯзона, аксари вақт, холӣ буд, мегузашту ба навогарӣ шугл меварзид.

Бачаяк Мирзо ҳамчунин ба ин кулба наздик мерафт. Албатта, шарми одатиаш намемонд, аз думболи Қорӣ Носир ба кулбаи хилватгирифтаи вай ворид гардад. Вале паси дари пӯшидаи ин ҷо мунтазири кадом чиз менишаст ва дам ба дарун мекашид ва интизори кадом чиз мешуд.

Дар ҳақиқат, дере нагузашта, аз даруни кулба, ки Қорӣ Носир он ҷо буд, созу наво таровида берун меомад. Балки атрофи бачаро пур мекард. Ва миёни амвоҷи наво дили бача амсоли моҳӣ ба шиноварӣ меомад. Яъне бача миёни навоҳо худашро ҳамчу моҳӣ эҳсос мекард ва озоду болида мегардид. Ҳатто баъди ба охир расидани наво, ки аз хоначаи хилват берун метаровид, ба назари бача мерасид, то ҳело рӯи замин навоҳо монда ва мавҷ мезананд. Албатта, бача аз тағоҳои худаш баъзе пораи савту наво омӯхта буд, вале навоҳои иҷро кардаи тағоҳо бо мусиқаи Қорӣ Носир баробар шуда наметавонист. Зеро тағоҳо ҳаваскор буданду Қорӣ Носир на танҳо чойхоначии

пешина
аз 194
навбатӣ